ВидеоМуҳоҷиронФарҳанг

КИТОБИ ШОИРИ 18-СОЛАИ ТОҶИК НЕКФАР БА ЗАБОНИ ФАРОНСАВӢ ЧОП ШУД

Дар нашриёти “CoolLibri” дар шаҳри Тулузаи Фаронса нахустин китоби ашъори шоири 18-солаи зодаи Тоҷикистон Некфар бо номи “Un Arrache des montagnes” бо забони фаронсавӣ ба чоп расид. Дар ин бора дар Фейсбук падари Некфар, шоир ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷики муқими Аврупо Зафари Сӯфӣ хабар дод.

Зафари Сӯфӣ навишт, ки аз ҳамзабонони эронии мо нафароне буданд, ки ба фаронсавӣ шеър гуфтаанд, вале Некфар аввалин тоҷик аз Варорӯд аст, ки ба фаронсавӣ, яъне ба забони Бодлер, Аполлинер, Луи Арагон гехр менависад ва алакай дар синни 18 нахустин дафтари шеърҳояш ба ин забони зебо ба зевари чоп расидааст.

Баргардони унвони китоб аз фаронсавӣ ба форсӣ шояд «Порае аз кӯҳ», «Бурида аз кӯҳ» ё «Ҷудоуфтода аз кӯҳ» мешавад. Мутмаинам, дӯстон дарк карданд, ки мавзӯъи навиштаҳои Некфар дар ин китоб баёнгари чист, яъне аз хотирот, бардоштҳо, носталживу пазмониҳои навҷавонест, ки ба иҷбор аз макони дӯстдоштааш, аз диёри домани кӯҳҳои сарбафалак ҷудо уфтода. Танҳо тақсире, ки ӯ дорад, фарзанди шахсест, ки натавониста хирсро Хизр бихонад ва қотилу дуздеро мадҳ бикунад, ҳамроҳи тӯдаҳои чоплус бошад ва ҳатто дар баробари расман «душман» эълон шудан ҳам талош карда ҳарфи дурӯғ нагӯяд– навиштааст Зафари Сӯфӣ.

Зафари Сӯфӣ, муассиси хабаргузорӣ, ҳафтанома ва сомонаи хабарии “Озодагон”, баъди қатъи фаъолияти расонаҳояш дар Тоҷикистон ба Аврупо паноҳ овард. Зафари Сӯфӣ қатъи фаъолияти расонаҳои таъсисдодаашро ба фишори мақомоти амниятӣ бастагӣ дода буд. Вале мақомот тавассути троллҳояшон аз “фермаи ҷавоб”  иддао карданд, ки мушкилоти молиявӣ, аз ҷумла аз чопхонаи “Аниса” 58 ҳазор сомонӣ қарздор шудани идораи расона, сабаби аз фаъолият мондани “Озодагон” шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button