ВидеоҲодиса

ЯК ЗАН ВИДЕОИ ӮРО ЛАТТУКӮБ КАРДАНИ ШАВҲАРИ СОБИҚАШРО БА МИЛИТСИЯ ДОД (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Сино шаҳрванд Ризоев Фарҳод Икромович, сокини 49-солаи кӯчаи Деҳи болои пойтахтро бар асоси моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон дар майдаавбошӣ гунаҳкор дониста, ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кард.

Маркази матбуоти РВКД Душанбе гуфт, Ризоев Фарҳод дар асоси муроҷиати видеоии ҳамсари собиқаш дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашонда шуд.

“Зимни санҷиши навори ҳодисаи хушунати оилавӣ, ки ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, муайян карда шуд, ки шаҳрванд Ризоев Фарҳод Икромович, санаи таваллудаш 06.07.1972, сокини ноҳияи Сино, кӯчаи Деҳи боло дар манзили зисташ бо собиқ ҳамсараш, зани муроҷиаткунанда Ф.М., муноқиша намуда, охиронро мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор додааст”, – гуфта мешавад дар гузориш.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button