ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ХУШДОМАНИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО ДАР КЛИНИКАИ МАНСУРОВ БИСТАРӢ КАРДААНД

Ӯзбекбӣ Асадуллоева, хушдомани Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон 5 рӯз пеш дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология, маъруф ба “клиникаи Мансуров” дар Душанбе бистарӣ карда шудааст. Шаби гузашта аҳволи ӯ дар бемористон бад шудааст ва ба ин далел, субҳи 4 июл дар ҷамоати Наврӯз (собиқ Чапаев) дар ноҳияи Балхӣ бозори чорво доир нашудааст.

 Ӯзбекбӣ Асадуллоева дар ҳамин ҷо, дар хонаи писари калониаш Ҳоҷӣ Раҳматулло Саъдуллоев зиндагӣ мекунад.

Як сокини ноҳияи Балхӣ ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт: “Бозор дар наздикии хонаи Ҳоҷӣ Раҳматулло ҷойгир шудааст. Субҳ, соати 6 рафтем, ки гуфтанд, аҳволи хушдомани президент бад шудааст, ҳар чӣ шуданаш мумкин аст, барои ҳамин, имрӯз бозор намешавад. Як зани хеле хубу меҳрубону беозор аст холаи Ӯзбекбӣ. Вақтҳои охир ҷуссааш хеле хурд шуда буд, вале бо ҳама хеле меҳрубон буд ҳамеша.

Як табиби “клиникаи Мансуров” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ низ тасдиқ кардааст, ки дар ҳақиқат шаби гузашта аҳволи Ӯзбекбӣ Асадуллоева бад шуда буд. “Шаби гузашта аҳволаш хеле вазнин буд, ҳоло як каме беҳтар шудааст, вале ба ҳуш наомадааст”,–гуфтааст ӯ. Ба гуфтаи ин манбаъ, хушдомани президентро бо аломатҳои коронавирус дар инҷо бистарӣ кардаанд ва ӯ зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор дорад.

Ӯзбекбӣ Асадуллоева 88 сол ва 8 фарзанд: 2 духтар ва 6 писар дорад.

Писари калонии ӯ Ҳоҷӣ Раҳматулло ва ҳамчунин Шамсулло ва Ҳусейн (дугоникии Ҳасан Асадуллозода) дар водии Вахш заминҳои кишоварзӣ доранд, вале ба сиёсати калон дахолат намекунанд.

Амирулло Холов, писари дигараш чандин сол шаҳрдори Қӯрғонтеппа буд. Амонулло Саъдуллоев як мансабдори пурнуфуз дар ширкати “Барқи Тоҷик буда, ном писари хурдии ин хонавода Муҳибулло Саъдуллоев баъди ғасби рейдерии бозори “Ином” дар маркази ноҳияи Шаҳритӯс ва ба зиндон афкандани соҳиби қаблии он бозор вирди забони расонаҳо шуда буд.

Як духтари ӯ ҳамсари Нахшов, роҳбари филиали “Амонатбанк” дар ноҳияи Сино буд. Нахшов соли 2018 аз олам чашм пӯшид.

Аммо, албатта, аз ҳама фарзандони машҳуртарини Ӯзбекбӣ Асадуллоева Азизамоҳ Раҳмонова,  ҳамсари президент Эмомалӣ Раҳмон, ва Ҳасан Асадуллоҳзода, раиси “Ориёнбонк”, яке аз бузургтарин бонкҳои Тоҷикистон аст. Чандин тиҷорати бузург дар Тоҷикистон, аз ҷумла ширкати “Сомон Эйр”, ягона ширкати ҳавопаймоии фаъол дар кишварро ба Ҳасан Асадуллоҳзода нисбат медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button