ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

БАРРАСИИ ҲАВОДИСИ АФҒОНИСТОН ВА ВАЗЪИ МАРЗ ДАР СУҲБАТИ Э.РАҲМОН БО А.ҒАНӢ

Рӯзи 4 июл президентҳои Тоҷикистон ва Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ дар як тамоси телефонӣ ҷараёни ташвишовари рушди вазъи низомиву сиёсӣ дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. “Зимнан ба шиддат гирифтани вазъият дар минтақаҳои шимолии бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд”, – хабар дод хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Ин суҳбати телефонии Раҳмон ва Ғанӣ дар ҳолест, ки ҳаракати Толибон рӯзи 4 июл эълон кард, ки 110 вулусволӣ аз 370 вулусволӣ, ё тақрибан 30 фоизи ҳудуди Афғонистонро тасарруф кардааст. Толибон аз ҷумла иддао дорад, ки аксари манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро зери контроли худ даровардааст. Шоми 3 июл беш аз 300 тан аз низомиёни нирӯҳои давлатии Афғонистон ба ҳамлаи Толибон тоб наоварда, ба қаламрави Тоҷикистон фирор карданд. Дар даҳаи сеюми моҳи июн беш аз 150 тан аз ҳарбиёни афғон низ ба хоки Тоҷикистон ақибнишинӣ карда буданд.

Бино ба гузориши хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон “бо изҳори нигаронӣ” Ашраф Ғаниро аз ҳодисаҳои нави маҷбуран аз хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон убур кардани хизматчиёни низомии кишвари ҳамсоя дар ҷараён гузошта, дар баробари ин таъкид кардааст, ки мавқеи устувори Тоҷикистон нисбати қазияи Афғонистон аз дахолат накардан ба умури дохилаи он ва дастгирии ҳамаҷонибаи талошҳои ҳукумати расмии он ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва амният дар ин кишвари ҳамсоя иборат аст.

Дар робита ба ин Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки Тоҷикистон, чун кишвари ҳамҷавори Афғонистон, ҳамеша манфиатдори оромӣ ва субот дар ин кишвар буда, дар ин мавқеъ минбаъд низ устувор хоҳад монд ва аз ҳамаи талошҳо ҷиҳати пешбурди музокироти сулҳи байни афғонҳо ҷонибдорӣ менамояд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаи амниятӣ табодули афкор анҷом дода, зарурати таъмини амнияти сарҳадотро бахусус таъкид карданд.

Пешрафтҳои ахири Толибон нигарониҳоеро ба бор овардааст, ки ҳукумати кунунии Афғонистон метавонад баъди хуруҷи такягоҳи асосиаш: нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ суқут кунад. Вазорати дифои Тоҷикистон ҳафтаи гузашта хабар дод, ки нирӯҳои мусаллаҳеро, ки дар хатти дуюми ҳимояти марзи Афғонистон қарор доранд, ба ҳолати омодабош овардаанд. Тоҷикистон бо Афғонистон 1370 км марзи мустақим дорад, ки рӯи маҷрои Амӯдарё ва Панҷ мегузарад. Ҳимояти аксари манотиқи ин марз ба далели релефи мураккаби кӯҳистониаш хеле мушкил аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button