ВидеоҶомеа

АКАИ ШАРИФҶОН БАРОИ ЯК ОИЛАИ НИЁЗМАНД ХОНА СОХТ (ВИДЕО)

Як соҳибкори тоҷик бо номи акаи Шарифҷон барои як оилаи ниёзманд хонаи нав сохтааст. Манбаи ин хабар  – сомонаи “Оила” хабар дод, ки қарор аст,  рӯзҳои наздик ин хонаро аз ҳисоби соҳибкор бо тамоми таҷҳизоти рӯзгор: аз яхдону тафдону кондитсионер то телевизору компютер, ҷевон барои ошхона ва ҳатто дегу табақу кӯрпаю болишт муҷаҳҳаз гардонанд.

Акаи Шарифҷон вақте калиди хонаро ба холаи Фотима ва духтари ӯ Умедаи 16-сола месупурд, ваъда дод, ки ба Умеда барои дохил шудан ва таҳсил дар донишгоҳ низ дасти кумаки худро дареғ нахоҳад дошт. “Агар зинда бошам, хонданашро ҳам ба уҳда мегирам,”  – гуфт соҳибкор.

Фотима ва Умеда 4 моҳ қабл, баъди 16 соли азоби бехонагӣ ва дарбадарӣ ба сомонаи “Оила” муроҷиат карда, хостаанд, то зиндагии пурмашаққати онҳоро рғи навор биоранд. Баъди нашри он навор акаи Шарифҷон ҳиммат карда, бунёди хона барои ин оиларо ба уҳдаи худ гирифт.

Фотимаву Умеда дар ҳаққи ин соҳибкор даст ба дуо кушода, аз Худованд талаби он карданд, ки саффи чунин мардуми дастбахайр ба мисли акаи Шарифҷонро зиёд ва бо шарофати онҳо саффи мардуми бехонаву дарбадарро кам бигардонад.

Сомонаи “Оила” барномаи вижаеро бо номи “Умеди охирин” пеш мебарад, ки тавассути видео дар бораи зиндагии сахти оилаҳои муҳтоҷ ва бехона қисса мекунад ва чандин оила то имрӯз бо шарофати ин барнома соҳиби хона шудаанд.

Аз ҷумла  моҳи июн “Оила” хабар дод, ки соҳибкори шинохтаи тоҷик Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов, раҳбари ширкати сохтмонии «Сарманзил» боз ба як оилаи муҳтоҷ хонаи нав туҳфа кард. Малика Қувватова сокини шаҳри Турсунзода 25 сол боз бо  фарзандони маъюбаш Ҳасану Ҳусейн дар як хобгоҳи умумӣ зиндагӣ доштанд. Кӯдакони ӯ ҳамагӣ 3 сол доштанд, ки шавҳараш аз саратон вафот кард. Аз як тараф бемории фарзандон, аз ҷониби дигар алами бехонагӣ ин занро маҷбур намуд, ки ба барномаи “Умеди охирин”-и сомонаи “Оила” муроҷиат кунад.

Пас аз пахши навори видеоӣ аз аз соҳибкорони муваффақи тоҷик Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов ба аёдати ин оилаи ниёзманд рафта, бо вазъи зиндагии эшон аз наздик ошно гашт ва ваъда дод, ки ба ин оилаи ниёзманд дасти ёрӣ дароз карда, мушкили онҳоро ҳал ва Ҳасану Ҳусейнро хонадор ҳам мекунад.

“Оила” навишт, сароғоз қарор буд, ки барои ин оилаи камбизоат аз биноҳои баландошёна хона мехаранд, вале бо дарназардошти он ки Ҳасан ва Ҳусейн ҷавонанду фардо оиладор шуда, соҳиби фарзанд мешаванд, соҳибкори дурандеш барои ин оила як ҳавлии хеле калон ва зебову замонавиро пайдо кард. Манзиле, ки Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов ба ин оилаи камбизоат туҳфа кардааст, аз 5 дар хонаи калону барҳаво, ду ҳамом ва ошхонаю дигар иншоотҳои зарурии рӯзгор иборат буда, бо қолину палос низ таъмин карда шудаст. Соҳибкори хайрхоҳ ҳамчунин ба Малика Қувватова барои харидани ҷевон, яхдон, телевизор, мошини ҷомашӯӣ, чангкашак ва дигар таҷҳизоти рӯзгор иловатан 20 ҳазор сомонӣ додааст.

“Апаи Малика ва писаронаш Ҳасану Хусейн он рӯз аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷиданд, охир онҳо ҳатто ба гӯшаи хаёлашон ҳам намеоварданд, ки рӯзе соҳиби чунин манзили зебо хоҳанд гашт”,  – менависад “Оила”.

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов бо амалҳои хайраш машҳур буда, соли гузашта ба дастикам 5 оилаи муҳтоҷу маъюб дар кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Айнии Душанбе манзилҳои нав  бо тамоми шароит ва ҷиҳози лозим туҳфа карда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button