ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса
ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СӮХТОР ДАР ТАРАБХОНАИ МАШҲУРИ “МАРКО ПОЛО” ДАР ХОРУҒ

Ба дасти пойгоҳи хабарии “Бомдод” видеое расид, ки дар он сӯхтор дар тарабхонаи дар Хоруғ машҳури “Марко Поло” сабт шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон, ин сӯхтор рӯзи чоршанбе, 30 июн, вақте рух дод, ки дар тарабхонаи “Марко Поло” тӯйи арӯсу домод идома дошт. Бар асари сӯхтор, ошхонаи тарабхона ва боми он осеб дидааст.
Тарабхонаи “Марко Поло” дар маҳаллаи “Хлебзавод”, ё корхонаи нонпазии шаҳри Хоруғ дар ҳамсоягии хонаи Толиб Аёмбеков, яке аз лидерҳои ғайрирасмии ҷавонони Бадахшон ҷойгир шудааст. Иттифоқан ҳамсояи дигари ин тарабхона идораи сӯхторхомӯшкунӣ аст.