Тиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ БОРИ АВВАЛ ФАВТИ ДУ НАФАРРО АЗ КОРОНАВИРУС ТАСДИҚ КАРД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 2 июл хабар дод, ки давоми як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 25 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ва ду ҳолати марг аз ин вирус сабт шуда, дар ҳамин муддат 15 нафар баъд аз муолиҷа аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Аз аввали соли 2021 ин вазорат бори аввал ҳолатҳои марги шаҳрвандон аз коронавирусро тасдиқ кард. Ин дар ҳолест, ки рӯзҳои 1 ва 2 июл дар бораи ҳалокати дастикам 4 нафари дигар аз шахсиятҳои шинохта аз коронавирус гузоришҳо ба даст расиданд:

  1. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов
  2. Профессор, доктори илмҳои тиб Фарида Мансурова
  3. Камил Бахтеев, устоди фанни информатика дар Донишгоҳи славянӣ
  4. Фарзони Маъмур, писари шоир Саидалӣ Маъмур ва собиқ мудири ширкати “Вавилон”.

Бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, дар умум дар Тоҷикистон 13 548 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, 92 нафар аз ин вирус ҷон бохтаанд.

Вазорати тандурустӣ аз сокинон хостааст, ки дар маконҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирусро қатъиян риоя кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button