ВидеоИқтисодТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ВАЗИРИ САНОАТИ ТОҶИКИСТОН ШЕРАЛӢ КАБИР 5 РӮЗ ЗЕРИ ДАСТГОҲИ ИВЛ ҚАРОР ДОШТААСТ

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба бемории “илтиҳоби шуши дутарафа” гирифтор шудааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Шералӣ Кабир инак ҳудуди 10 рӯз боз аз ин беморӣ ранҷ мебарад ва  танҳо рӯзи 1 июл аз зери дастгоҳи нафасгирии сунъӣ (ИВЛ) берун омадааст.

Як манбаи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон ба шарти набурдани номаш рӯзи 3 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, Шералӣ Кабир дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология, маъруф ба “клиникаи Мансуров”(воқеъ дар маҳаллаи 82-ум) бистарӣ аст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ,  рӯзи 30 июн дар ҷаласаи ҳукумат, ки таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, Шералӣ Кабир бинобар вазъи саломатиаш ҳузур надошт.

Як манбаъ аз Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология гуфт, Шералӣ Кабир ба бемории “илтиҳоби дутарафаи шуш” гирифтор шудааст ва дар ҳоли ҳозир таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад: “Кабиров 5 рӯз зери дастгоҳи нафаси сунъӣ қарор дошт ва бо беҳбуд ёфтани саломатиаш дастгоҳи сунъиро гирифтаанд”-, гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Дӯстони Шералӣ Кабир мегӯянд, бинобар мамнӯъ будани аёдат ба дидораш нарафтаанд, вале огоҳ шудаанд, ки вазъи саломатиаш хуб шудааст ва дар рӯзҳои наздик аз шифохона мураххас хоҳад шуд.

Шералӣ Кабир моҳи ноябри соли 2020 вазири саноат ва технологияҳои нав таъин шуд. Ӯ  қаблан роҳбарии  Шӯрои мудирони ширкати алюминсозии ТАЛКО, бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистонро бар дӯш дошт.

Шералӣ Кабир 22 ноябри соли 1971 дар ноҳияи Дарвоз таваллуд шуда, соли 1992 Донишкадаи савдо ва кооперативии шаҳри Новосибирски Русия ва соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Манбаъ: Радиои Озодӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button