ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

МУНОҚИШАИ ХУНИНИ ДУ ҲАМДЕҲА ДАР НОВКАТ ВА ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ ЯК МИЛЛИОН

Ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати Новкати ноҳияи Спитамен ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 29 июн, соати 14, дар роҳи мошингарди кӯчаи Спитамен бо ҳамдеҳаи 25-солааш муноқиша карда, ба тарафи чапи бадани ӯ як зарбаи корд задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, нисбат ба кордзан бар асоси қисми якуми моддаи 110 бо иттиҳоми қасдан расондани осеби вазнин ба саломатӣ парванда кушодаанд. Ба ин ҷавон акнун аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

хххххххххххххх
Сокини 40-солаи ноҳияи Зафаробод, ки соли 2014 бо моддаҳои 200, 289, 165 ва 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст,  боз барои қаллобӣ дастгир шуд. ВКД гуфт, ки ӯ аз апрели соли 2020 то феврали 2021  бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини Истаравшан даромада, аз ӯ 90 ҳазор доллар, муодили беш аз як миллион сомонӣ, гирифтаааст. Ба зидди сокини Зафаробод бар асоси қисми чоруми моддаи 247 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

ххххххххххххх

Ҷавонзани 18-солаи сокини пойтахт ба он гумобар мешавад, ки рӯзи 15 март  бо роҳи фиреб ба боварии зани 36-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ як адад гарданбанди тиллоии арзишаш 65 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

хххххххххххххх
Сокинони 43 ва 54-солаи сокинони ноҳияи Б.Ғафуров, ки ҳарду пеш бо моддаи 247  барои қаллобӣ суд шудаанд, боз ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 14 феврал бо роҳи фиреб ба боварии марди 68-солаи сокини шаҳраки Ғафуров даромада, барои ҷудо намудани 12 сотих қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ӯ 15 ҳазор доллар гирифтаанд, вале корашро буд накардаанд.

хххххххххххххх

Сокини 30-солаи ҷамоати Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ ба он айбдор мешавад, ки аз 4-уми июн то 2-юми июли соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили манзили истиқоматии сокини 30-солаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо роҳи пинҳонӣ либосҳои гуногуни занонаро ба маблағи 9700 сомонӣ дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 3 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҷавони 25-сола

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Накати ноҳияи Спитамен бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ оғоз карда шудааст.
Номбурда, рӯзи 29-уми июни соли 2021, тахминан соати 14:00, ҳангоми дар канори роҳи мошингарди кӯчаи Спитамен қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 26-солаи сокини ҷамоати мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1-маротиба ба тарафи чапи баданаш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Зафаробод, ки соли 2014 бо моддаҳои 200, 289, 165 ва 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, аз моҳи апрели соли 2020 то моҳи феврали соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини шаҳри Истаравшан даромада, аз ӯ 90 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодеки ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 36-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки рӯзи 15-уми марти соли 2021, ҷавонзани 18-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад гарданбанди тиллоиро, ки арзишаш 65 ҳазор сомониро ташкил медиҳад гирифта, то ҳол гарданбандро барнагардонидааст.
Инчунин, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати мардони 43 ва 54-солаи сокинони ноҳияи Б.Ғафуров, ки ҳардуи онҳо пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ оғоз карда шуд.
Номбурдагон 14-уми феврали соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 68-солаи сокини шаҳраки Ғафурови ноҳияи мазкур даромада, бо баҳонаи ҷудо намудани 0,12-га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди ҳамин ноҳия аз ӯ 15 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.


Дастгир гардидани марди 30-сола бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки аз 4-уми июн то 2-юми июли соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили манзили истиқоматиаш либосҳои гуногуни занонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 9 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button