ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ПӮШИДАНИ НИҚОБ ВА ВАКСИНА АЗ КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАТМӢ ШУД

Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус рӯзи 3 июл бо нашри як муроҷиатнома аз сокинони Тоҷикистон даъват кард, ки хуруҷи мавҷи нави бемории коронавирусро ҷиддӣ бигиранд ва ба ин далел қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва фосилаи иҷтимоиро қатъиян риоя карда, дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намоянд.

“Ба шаҳрвандоне, ки баъд аз сафар ба кишварҳои хориҷӣ вориди қаламрави Тоҷикистон мешаванд, тавсия дода мешавад, ки ҳатман аз ташхиси бемории сироятии коронавирус гузашта, новобаста аз ҷавоби мусбат ё манфии ташхис давоми даҳ шабонарӯз худро бе иртибот бо наздикону пайвандон, дар ҳуҷраи алоҳида ба муҳофизати тиббии бехатарӣ фаро гиранд”,  гуфта мешавад дар муроҷиатнома.

Ҳамчунин дар ин шабу рӯзҳо ба далели зиёд будани хатари паҳншавию интиқоли бемории сироятии коронавирус аз шаҳрвандон дархост шудааст, ки ҳама гуна чорабинию ҷамъомадҳои оммавӣ, тӯю хурсандиҳо ва маъракаҳои худро бо иштироки шумораи  ҳадалимкон ками одамон гузаронанд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ ҳамин тавр, ваксинаи зидди коронавирусро барои шаҳрвандони синнашон аз 18 боло ҳатмӣ кард.

“Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад”, гуфта мешавад дар муроҷиатномаи ситоди ҷумҳуриявӣ.

Мақомоти Тоҷикистон аз аввали соли 2021 ошкор шудани мавридҳои нави коронавирусро дар кишвар инкор мекарданд. Вале аз нимаи дуюми моҳи май доманаи паҳншавии ин беморӣ хеле густариш ёфт ва Ситоди ҷумҳуриявӣ рӯзи 21 июн билохира эътироф кард, ки дар кишвар ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор шудаанд.

Дар ду ҳафтаи охир дар бораи аз коронавирус вафот кардани ҳудуди 15 нафар аз шахсиятҳои  шинохта гузоришҳо ба даст расиданд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон  то имрӯз аз коронавирус ҷон бохтани танҳо ду нафарро тасдиқ кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button