ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

БЕШ АЗ 300 АСКАРУ АФСАРИ АФҒОНИСТОН ЗЕРИ ФИШОРИ ТОЛИБОН БА ТОҶИКИСТОН ФИРОР КАРДААНД

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми 3 июл, соати 18:30 вазъият дар деҳаи Овези вулусволии Хоҳон, вулусволии Шаҳрибузург ва деҳаи Зиракии вулусволии Роғистони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мураккаб гардида, минтақаҳои номбурда аз тарафи ҳаракати “Толибон” тасарруф шуданд. Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона ҳаракати “Толибон” комендатураи сарҳадии “Овез”-и вулусволии Хоҳонро низ ишғол кардаан.


“Бештар аз 300 нафар низомиёни қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба муқовимати мусалаҳона тоб наоварда, бо мақсади наҷоти худ тавассути минтақаи муҳофизатии байни дидбонгоҳҳои 5-уми “Истиқлол” ва 6-уми “Сариғор”-и Отряди сарҳадии «Ш.Шоҳин» сарҳади давлатиро убур карда, ба худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд. Сарҳадбонони тоҷик бо назардошти принсипи инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба гурезагони иҷборӣ барои воридшавӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд”,
  гуфта мешавад дар иттилоияи расмии сарҳадбонҳои тоҷик.

Бо ин вуҷуд, марзбонони тоҷик мегӯянд, вазъият дар марз байни Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.

Аз 22 июн ба ин тараф ин алакай сеюмин мавриди ба фишори Толибон тоб наоварда, ба қаламрави Тоҷикистон фирор кардани нирӯҳои давлатии Афғонистон аст.

Ёдовар мешавем, рӯзи 22 июн 134 низомии афғон баъди аз ҷониби Толибон тасарруф шудани Шерхон Бандар, бузургтарин гузаргоҳ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон, ба тарафи гузаргоҳи Панҷи поён фирор карданд. Рӯзи 27 июн 17 ҳарбии афғон баъди ба дасти Толибон афтодани вулусволии Калдори вилояти Балх ба ноҳияи Шаҳритӯси Тоҷикистон фирор карданд.

Рӯзи 23 июн 53 тан аз нирӯҳои давлатии Афғонистон ба фишори Толибон тоб наоварда, ба Ӯзбекистон фирор карданд, вале мақомоти Ӯзбекистонро онҳоро пас фиристода, гуфтанд, ки ба умури дохилии Афғонистон дахолат намекунанд ва ба ҳеҷ гуна убури ғайриқонунии марзҳои худ низ роҳ нахоҳанд дод.

Пешрафтҳои ахири Толибон нигарониҳоеро ба бор овардааст, ки ҳукумати кунунии Афғонистон метавонад баъди хуруҷи такягоҳи асосиаш: нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ суқут кунад. Қарор аст, 4 ҳазор аскару афсари Амрико, муҳраи асосии ин эътилоф алакай то 4 июли соли ҷорӣ тарки Афғонистон кунанд.

Вазорати дифои Тоҷикистон ҳафтаи гузашта хабар дод, ки нирӯҳои мусаллаҳеро, ки дар хатти дуюми ҳимояти марзи Афғонистон қарор доранд, ба ҳолати омодабош овардаанд. Тоҷикистон бо Афғонистон 1370 км марзи мустақим дорад, ки рӯи маҷрои Амӯдарё ва Панҷ мегузарад. Ҳимояти аксари манотиқи ин марз ба далели релефи мураккаби кӯҳистониаш хеле мушкил аст.

Ахиран яке аз ҷангҷӯёни ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон дар болои пул(кӯпрук)-и бузургтарин дар марзи байни Афғонистону Тоҷикистон видео гирифтааст.

Дар видео ду ҷангҷӯи Толибон дида мешаванд, ки баъди тасарруфи Шерхон-Бандар, бузургтарин гузаргоҳ дар марз бо Тоҷикистон, дар рӯи кӯпруке, ки Афғонистонро бо Тоҷикистон мепайвандад, қадам мезананд ва нафари сеюм, ки пулро ба навор мегирад,  ба касе ба забони пашту ҳисобот медиҳад, ки “Ҳоҷӣ соҳиб, ин пули Шерхон Бандар аст ва он ободиҳое, ки мебинед, Тоҷикистон аст ва ин ҳам Амӯдарё”.

Пуле, ки Шерхон Бандарро бо гузаргоҳи Панҷи Поёни Тоҷикистон мепайвандад, бо 40 миллион доллар сармоягузории Амрико сохта ва соли 2007 ба истифода дода шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button