Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

БДА (ГАИ) 85-СОЛА ШУД! (ВИДЕО)

Ҳамасола рӯзи 3 июл ҳамчун рӯзи таъсиси мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ ҷашн гирифта мешавад.
Моҳи марти соли 1936 Бозрасии давлатии автомобилӣ дар марказ ва  шаҳру навоҳӣ ба тобеияти Сарраёсати милитсияи коргару деҳқон гузаронида шуда, 3-юми июли ҳамон сол Шӯрои Комиссариати халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Низомномаро «Дар бораи Бозрасии давлатии автомобилӣ» тасдиқ менамояд. Яъне, имрӯз мақомоти БДА 85-сола мешавад.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар як матлаб ба ин муносибат  навишт, мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин мақомоти ягонаест, ки идоракунии давлатиро дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ амалӣ мегардонад.
“Риояи конунияту таъмини тартибот дар роҳҳои нақлиётгарди ҷумҳурӣ аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти кормандони соҳаи мазкур алоқаманд аст. Кормандони бозрасӣ пайваста аз пайи иҷрои вазифаи пурмасъули худ буда, шабонарӯзӣ хизмат мебаранд, то теъдоди қоидавайронкунӣ байни иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ кам гардад”, гуфта мешавад дар паёми табрикотие, ки дар сомонаи ВКД Тоҷикистон нашр шудааст.
Бино ба ин матлаб, дар солҳои охир кормандони БДА дар Тоҷикистон бо шароити хуби корӣ, ҳамчунин  бо техникаю таҷҳизоти муосир, нақлиёту технологияҳои замонавӣ ва дигар воситаҳои техникӣ таъмин гардиданд.

“Бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати кишвар дар шаҳри Душанбе дар кӯчаву хиёбонҳо дастгоҳҳои наворгиранда насб карда шудааст, ки ин барои ба қайд гирифтани қоидавайронкунӣ ва дигар ҳодисаҳои роҳу нақлиёт мусоидат менамояд”, гуфта мешавад дар идомаи матлаб.
Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва  пешгирии ҷиноятҳо дар соҳаи нақлиёт фаъолият мекунад.

Албатта, аз кормандони БДА шикоятҳо зиёд аст, дар бораи онҳо чӣ қадар латифаю саҳнаҳои ҳаҷвӣ ҳам офаридаанд, вале дар ин ниҳод низ садҳо нафари дасту дилашон пок ва нисбат ба Ватану касби худ дилсӯз кор мекунанд.

Иди касбӣ муборак, кормандони БДА!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button