ВидеоМинтақа ва ҷаҳонФарҳанг

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР БОРАИ ҶОМӢ ВА НАВОӢ ФИЛМ МЕГИРАНД

Сомонаи ӯзбекии Даракчӣ   хабар дод, ки дар Агентии синамои Ӯзбекистон гуруҳи эҷодӣ барои таҳияи филми ҳунарӣ дар бораи Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ташкил шудааст. Ин филми ҳунариро Ӯзбекистону Тоҷикистон муштаракан ба навор мегиранд.

Ин мавзӯъ дар мулоқоти мудири кулли Агентии синамои Ӯзбекистон (Ӯзбеккино) Фирдавс Абдухолиқов бо сафири Тоҷикистон дар Тошканд Абдуҷаббор Раҳмонзода баррасӣ шудааст.

Дар мулоқот ҳамчунин ҷараёни таҳияи ду филми дигари муштарак бо номҳои «Неизвестная звезда» (“Ситораи ношинос”) ва «Камни и вода» (“Сангу об”) ва ҳам ҷараёни омодагиҳо ба баргузории Рӯзҳои синамои тоҷик дар Ӯзбекистон, ки қарор аст, дар поёни моҳи июл доир шавад, баррасӣ шудааст.

Абдухолиқов гуфт, гуруҳи эҷодии филм дар бораи Ҷомию Навоӣ аз намояндагони зиёиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон иборат буда, ба таври мунтазам аз тариқи видеоконфаронсҳо ҷараёни омодагӣ ба таҳияи филмро баррасӣ мекунанд. Фирдавс Абдухолиқов гуфт, бо киностудияи “Тоҷикфилм” қарордоди ҳамкорӣ баста шуда, Шӯрои муштараки соҳаи синамои Ӯзбекистону Тоҷикистон, иборат аз намояндагони саршиноси соҳаи синамои ду кишвар таъсис дода шудааст.

Мо алакай чанд филми муштарак бо аҳли синамои Тоҷикистон таҳия кардем. Сохтани як филми муштарак заҳмати сангини сенариянависону коргардонҳо, оҳангсозҳо, дизайнерҳо ва дигар аъзои ҳайъати эҷодиро тақозо мекунад”,гуфт Фирдавс Абдухолиқов. 

Абдуҷаббор Раҳмонзода ба навбати худ ҳамкории “Тоҷикфилм” бо “Ӯзбеккино”-ро ба манфиати ҳарду давлат ва тамошобинони тоҷику ӯзбек номид ва гуфт, ҷониби Тоҷикистон хостори он аст, ки таҳияи филми муштарак ба таъхир наафтад.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки 7 соли охир ба ҳайси ёрдамчии президент масъулияти сиёсати идеологии ҳукумати Тоҷикистонро бар дӯш дошт, дар баҳори имсол аз ин мақом барканор гардида, ба ҳайси сафир ба Тошканд фиристода шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button