ВидеоМуҳоҷирон

5 ТОБУТ АЗ РУСИЯ ТАНҲО БА ЯК ДЕҲАИ РУКНОБОД, 15 ТОБУТ – ТАНҲО БА ҶАМОАТИ ВОРӮ…

Нимаи дуюми рӯзи 2 июл Кабир Худойназаров,  як муҳоҷири тоҷики зодаи деҳаи Рукнободи ҷамоати Ворӯи Панҷакент, ки ҳамроҳи ҳамдеҳагони низ муҳоҷираш дар вилояти Маскав оббозӣ рафта буд, ғарқ шудааст. Ҳамдеҳагонаш гуфтанд, ки ӯ ба сабаби оббозӣ карда натавонисташ зери об шудааст. Тафсилоти дигари ин фалокат дастрас нест.

Ҳоло ҳамдеҳагон дар пайи таҳияи асноди лозим барои интиқоли ҷасади Кабир Худойназаров ба Ватан мебошанд. Интизор меравад, ҷанозаи Кабир Худойназаров рӯзи 5 июл бо ҳавопаймо ба Тоҷикистон оварда шуда, дар зодгоҳаш деҳаи Рукнобод ба хок супурда шавад.

Аз Кабир Худойназаров танҳо се фарзанд – як духтар ва ду писар боқӣ монд.

Аз аввали соли 2021 Кабир Худойназаров алакай панҷумин зодаи танҳо деҳаи Рукнободи Панҷакент аст, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ҷон супурдаанд.

Дониёр Масеҳоев

 Аз ҷумла рӯзи  20 январи соли ҷорӣ журналист Дониёр Масеҳоев дар Маскав  дар зери чархи мошин ба ҳалокат расид. Ӯ ҳамагӣ 40 сол дошт. Дониёр Масеҳоев риштаи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, қаблан ба ҳайси устоди кафедраи телевизион ва радиошунавонии риштаи журналистика кор мекард. Ӯ 10 соли охир ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мерафт ва дар Маскав ба пухтани оши 1 ба 1 Панҷакент машғул буд. Аз Дониёр Масеҳоев  4 фарзанд – 1 духтар ва 3 писар боқӣ монд.

Меъроҷиддин Иноятов

Рӯзи 21 март Меъроҷиддин Иноятов, як зодаи дигари Рукнободро дар Маскав барқ зад ва чунон сахт, ки ҷобаҷо ҷавонмарг шуд. Меҳроҷиддин ҳамагӣ 28 сол дошт ва  муҷаррад аз дунё рафта, нишоне аз худ боқӣ нагузошт.  Меъроҷиддин Иноятов хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент буд, вале тӯли 5 соли охир кӯи мардикорӣ дар Русияро пеш гирифта буд.

Зубайдулло Нуров

Санаи 15 июн табиби тоҷик Зубайдулло Нуров дар шаҳри Маскав дар пайи як муноқишаи оилавӣ худро ба дор овехт. Зубайдулло Нуров 34 сол дошт. Ӯ  Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм карда, се соли охир дар яке аз бемористонҳои шаҳри Маскави Русия ба ҳайси табиби ортопед (шикастабанд) кор мекард. Ӯ аз худ ду фарзанд: як писар ва як духтари хурдсолро ба ҷо гузошт.

Рӯзи 27 июн Бежан Холов, зодаи Марғедар низ дар вилояти Маскав ҳамроҳи дӯстонаш ба оббозӣ рафта, ғарқ шуд. Бежан 26 сол дошт ва муҷаррад буд. Ӯ ягона писари хонавода буд.

Дар умум аз аввали соли 2021 аз Русия танҳо ба 11 деҳаи ҷамоати Ворӯи Панҷакент алакай 15 тобут овардаанд.

Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун тарки ин дунё мекунанд.

Бежан Холов

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button