ВидеоМуҳоҷирон

ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР НАЗДИКИИ ПЕТЕРБУРГ ҒАРҚ ШУДААСТ (ВИДЕО + АКС)

Рӯзи 29 июн дар кӯли Коркино, дар тақрибан 25-километрии шарқи шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷавони 25-солаи тоҷик Ҳоҷимурод Ашӯров ғарқ шудааст. Дар ин бора ба пулис ва МЧС дӯст, ҳамсол ва ҳамватани ӯ Ҷаҳонҷон Ҷӯраев, ки дар он рӯзи бад ҳамроҳи Ҳоҷимурод ба оббозӣ омада буд, хабар додааст.

Канали ДТП и ЧП | Санкт-Петербург | Питер Онлайн | СПб  дар шабакаи «ВКонтакте» аксҳо ва видеои фиристодаи шоҳидони ҳодисаро нашр кард ва хабар дод, ки ҷавони тоҷик сокти 13:30 ғарқ шудааст, вале маъмурияти кӯл ягон василаи наҷот надоштааст.

Пулис бо вуҷуди даъватҳои батакрор танҳо баъди якуним соат ба ҷои ҳодиса расидааст. Наҷотбахшон аз МЧС бошад се соат баъд омадаанд ва ҷасади Ҳоҷимуродро фақат як рӯз баъд тавонистаанд пайдо кунанд ва аз об берун бикашанд.

Канали ДТП и ЧП | Санкт-Петербург | Питер Онлайн | СПб   аз қавли яке аз шоҳидон ҷараёни ҳодисаро чунин нақл мекунад:

 «Сегодня около 13.30 на Коркинских озёрах утонул человек.  Пока ещё была возможность его спасти, рядом не было ни лодки, ни гидроскутера, ни элементарного спасательного круга. Спасти своими силами не удалось. Лодок, спасательных кругов нет на всем озере. Напомню – въезд 200р, аренда беседок до 20 000р. Никакого оборудования нет. Мы были до 20.30. История по времени:

~13.30 к нам подбежали ребята, так как с нами стоял сотрудник озера, сказав, что срочно нужна помощь, что кому-то плохо в озере, что нужна лодка для помощи и тд.

Сотрудник, следящий за порядком сказал «лодка есть в тире, но сегодня не работают и там замок». А потом нам прокомментировал: «зачем было к нам бежать, надо было звонить в службы спасения, зачем Вам телефоны. Каждая секунда на счету. Но у нас ничего нет. Ответственность за купания на Вас…»

Никакой помощи не было оказано. Никто, кроме нашей мамы-врача, которая не поняв ситуации, рванула к месту. Не было принято никаких мер, кроме как вызов МЧС и ППС.
Хронология:

– 13.30 утонул человек
~ 15.06 – приехала полиция (опросила кого-то, но это не точно)
~ 15.38 – полиция уехала
~ 16.34 – приехали мчс
~ 20.10 – по приборам нашли человека. Но водолаз не нашёл. Поэтому решили ждать завтра.

Дети как купались, так и купаются, не зная, что произошло и происходит…»,
– пишет очевидец.

ВИДЕО ИНҶОСТ

Шоми 27 июн Бежан Холов, як ҷавони 26-сола аз деҳаи Маргедари Панҷакент дар вилояти Маскав ҳамроҳи дӯстонаш ба оббозӣ рафта, ғарқ шудааст. Дар ин бора журналисти тоҷик Шаҳло Наҷмиддинова  дар гуруҳи фейсбукии ШОМИ ҒАРИБОН شام غریبان хабар дод.  Бино ба иттилои Шаҳло Наҷмиддинова, Бежан дар оилаи Абдураҳим ном сокини Марғедар  яккаписар буда, ҳанӯз издивоҷ накарда буд. Бежан дар як сохтмон дар шаҳраки Климовск дар ҳавзаи Подолски вилояти Маскав кор мекард.

Ахиран дар бораи ҳалокати як ҷавони 19-сола ва як навраси 17-солаи тоҷик дар Санкт Петербург хабар расида буд. Ҳафтаи гузашта як ҷавони 23-сола аз Тоҷикистон дар ноҳияи Гатчинои вилояти Ленинград ғарқ шуд.

Як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик гуфт, танҳо дар моҳи июн ба онҳо дар бораи ғарқ шудани беш аз 20 муҳоҷири тоҷик дар Русия хабар додаанд. “Мутаассифона, аксаран бачаҳои ҷавон ба об рафтаанд”, – мегӯяд ӯ.

Ба сурати умум, ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кор, бемориҳои гуногун, садамаҳои нақлиёт ва тасодуфҳое, мисли ғарқшавӣ ҳангоми оббозӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар ин кӯи ғурбат ном бурда мешаванд.

Бежан Холов

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button