ВидеоҶомеа

ҲАБСИ ШАХСЕ, КИ ХУДРО “МУФАТТИШ” ГИРИФТА, 700 СОМОНӢ ПУЛИ ХӮРОКУ МАШРУБОТИ ИСТЕЪМОЛКАРДААШРО НАДОД (ВИДЕО)

Маркази матбуоти милитсияи шаҳри Душанбе хабар дод, ки бо қарори додгоз, Тоҷиддин Рустамов, сокини 32-солаи деҳаи Лангари ноҳияи Муъминобод бо ҷурми майдаавбошӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ба 10 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст. Тоҷиддин Рустамов дар он гунаҳкор дониста шуд, ки шаби 27 июн дар маркази дилхушии “Зебои меҳр” дар кӯчаи Борбади пойтахт барои он ки беш аз 700 сомонӣ пули хӯроку машруботи истеъмолкардаашро пардохт накунад, худро “муфаттиши РВКД дар шаҳри Душанбе” муаррифӣ карда, бо соҳиби ин маркази дилхушӣ муноқиша кардааст.

Ахиран дар Интернет видеое нашр шуд, ки дар он як ҷавон Дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки ба гуфтаи муаллифаш, як ҷавон дар яке аз тарабхонаҳои пойтахт истироҳат ва анвои гуногуни хӯрока ва машруботро истеъмол мекунад, вале вақти ҳисобу китоб худро “муфаттиши РВКД дар шаҳри Душанбе” муаррифӣ намуда, аз пардохти пули хӯроку машруботи истеъмолкардааш  дар ҳаҷми зиёда аз 700 сомонӣ саркашӣ мекунад ва тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, аз дохили тарабхона ғайб задааст.

 Ин видео дар байни корбарон вокунишҳои зиёди манфӣ ба вуҷуд овард ва шаҳрвандон аз ингуна амалкарди “муфаттиши РВКД” изҳори шадиди нигаронӣ карда, хостори таҳқиқи қазия аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе шуданд.

Маркази матбуоти РВКД Душанбе мегӯяд, дар рафти тафтиш шахсияти ҷавони дар навор инъикосёфта муайян ва ӯ дастгир гардид ва маълум шуд, ки “номбурда дар асл муфаттиш набуда, қаллобе беш нест.

Муайян гардид, ки номбурда шаҳрванд Рустамов Тоҷиддин Бозорович, санаи таваллудаш 12.07.1989, сокини деҳаи Лангари ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон, оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.

“Зимни пурсиш номбурда тасдиқ намуд, ки санаи 27-уми июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 22:30 ба маркази дилхушии «Зебои меҳр» воқеъ дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе рафта, бар замми напардохтани маблағи хӯрока ва машруботи истеъмолкардааш, бо соҳибмулки маркази дилхушӣ муноқиша ва тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати дастгиршуда Рустамов Тоҷиддин тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ бо қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд”, – гуфта мешавад дар гузориши РВКД Душанбе.

Ба гуфтаи мақомот, айни ҳол ҷиҳати муайян намудани дигар ҳолатҳои аз ҷониби номбурда содир гардидани кирдорҳои ғайриқонунӣ чорабиниҳои фаврӣ ҷараён дорад.

Ҳабси шахсе, ки худро “муфаттиш” муаррифӣ ва аз пардохти маблағи хӯрок саркашӣ намудааст

 Дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он як нафар ҷавони тақрибан 25-30 сола инъикос ёфта, тибқи иттилои муаллифи навор ин ҷавон дар яке аз тарабхонаҳои пойтахт истироҳат ва анвои гуногуни хурока ва машруботро истеъмол намудааст. Баъдан номбурда худро “муфаттиши РВКД дар шаҳри Душанбе” муаррифӣ намуда, аз пардохти он дар ҳаҷми зиёда аз 700 сомонӣ саркашӣ ва ҳамзамон тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, аз дохили тарабхона ғайб задааст. Баъди паҳн гардидани навор миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёди манфӣ ба вуҷуд омада, шаҳрвандон аз ингуна амалкарди “муфаттиши РВКД” изҳори шадиди нигаронӣ ва зимнан таҳқиқи қазияро аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дархост намуда буданд.

Вобаста ба таҳқиқи ҳолати мазкур бо супориши бевоситаи роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, шахсияти ҷавони дар навор инъикосёфта муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас карда шуд, ки номбурда дар асл муфаттиш набуда, қаллобе беш нест.

  Дар натиҷа муайян гардид, ки номбурда шаҳрванд Рустамов Тоҷиддин Бозорович, санаи таваллудаш 12.07.1989, сокини деҳаи Лангари ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, оиладор соҳиби ду фарзанд мебошад.

Зимни пурсиш номбурда тасдиқ намуд, ки санаи 27-уми июни соли ҷорӣ тақрибан соати 22:30 дақиқа ба маркази дилхушии «Зебои меҳр» воқеъ дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе рафта, бар замми напардохтани маблағи хурока ва машруботи истеъмол кардааш, ҳамзамон бо соҳибмулки маркази дилхушӣ муноқиша ва тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати дастгиршуда Рустамов Тоҷиддин тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ бо Қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.

Айни ҳол ҷиҳати муайян намудани дигар ҳолатҳои аз ҷониби номбурда содир гардидани кирдорҳои ғайриқонунӣ чорабиниҳои оперативӣ ҷараён дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button