ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СӮХТОР ДАР НУҚТАИ ФУРӮШИ СӮЗИШВОРӢ ДАР ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД

Нимаи аввали рӯзи 1 июл, соатҳои қариби 11, нуқтаи сӯзишвории “Газ Нафт” дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар ҳудуди деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ дучори сӯхтор шудааст.

Дар видеое, ки яке аз хонандагони пойгоҳи хабарии “Бомдод” фиристод, дида мешавад, ки аз ин дӯкон забонаи оташу дуди ғафс ба осмон баланд мешавад ва раҳгузарон бо шитоб аз маҳалли ҳодиса дур мешаванд.

Дар видеои дигаре, ки Парвиз ТВ аз ҷои ҳодиса дар саҳифааш дар Инстаграм нашр кард, дида мешавад, ки алакай мошинҳои сӯхторнишонӣ ба ҷои ҳодиса расидаанд.

Шоҳидон мегӯянд, сӯхтор зуд хомӯш карда шуд ва ягон кас дар он осеб надидааст.

Нуқтаи сӯзишвории “Газ Нафт” дар наздикии хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир шудааст ва ду сол пеш низ дучори сӯхтор шуда буд.

Ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ қаблан ба ширкати “Умед 88” тааллуқ дошт. Баъди зиндонӣ шудани раиси “Умед 88” Раҷабалӣ Одинаев, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар бемористони “Якум Советский” вафот кард, молу мулки ширкати ӯ, аз ҷумла ин дӯконаш дар Хушекат, байни дигарон тақсим гардид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button