ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ХУҶАНД, МАСТЧОҲ ВА ВАРЗОБ ВА ОДАМКУШӢ ДАР ЗАРНИСОР

Соати дуи шаби 30 июн пиёдагард Солиев Муҳаммадамин, соли таваллудаш 1999, сокини ҷамоати Д.Холматови ноҳияи Б.Ғафуров дар маҳаллаи 18-уми шаҳри шаҳри Хуҷанд зери чархи мошини “Опел-Вектра” таҳти идораи Аминов Сайфиддин, сокини 24солаи ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ монда, бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористон ҷон бохт. ВКД гуфт, ронандаи “Опел” аз уҳдаи идораи мошин баромада натавонист.

хххххххххххх

Рӯзи 30 июн, соати 16:30 бар асари бархӯрди ду мошини “Опел-Вектра” ва “Опел-Вектра”  дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Варзоб мусофири «Опел-Вектра», Хайёлов Наҷибулло, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Ванҷ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дигари ин мошин Сулаймонов Ислом, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душнбе ва мусофирони «Опел-Зафира», Қудратова Гулру Ҳикматуллоевна, соли таваллудаш 1976 ва Қудратова Гулрухсор Ҳикматуллоевна, соли таваллудаш 1987, сокинони шаҳри Панҷакент ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. ВКД гуфт, ронандаи Опел-Вектра” Неъматов Умар, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ҳ  аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба муқобили ҳаракати роҳ баромад ва ба «Опел-Зафира», таҳти идораи Акбаров Шоҳрух, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Турсунзода бархӯрдааст.
ххххххххххххх

Рӯзи 29 июн, соати 14:20, ронандаи «БМВ», Ҳасанов Эраҷбой, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ин шаҳрак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои мошини тамғаи “Лабо-Комбо”, таҳти идораи сокини дигари Бӯстон Нурализода Абдуллоҷон, соли таваллудаш 2000, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи “Лабо” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин мусофири ин мошин  Комилзода Сокинаи Қудрат, соли таваллудаш 2000, низ сокини Бӯстон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
ххххххххххх

Марди 52-солаи сокини  шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт ба он гумонбар мешавад, ки шоми 24 июн, тахминан соати 20:00, дар хонаи истиқоматии муваққатиаш дар шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон, бо марди 46-солаи сокини Зарнисор нӯшокии спиртӣ истеъмол намуда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо зарфи чойнӯшии шишагин якмаротиба ба сари ӯ задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида санаи 28 июн дар манзили истиқоматиаш  аз ҷароҳати бардоштааш ба ҳалокат расидааст. Нисбати гумонбаршаванда бар асоси моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ барои расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки сабаби марги инсон шудааст, ҳамчун ҷазо аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

ххххххххххххх

Марди 31-солаи  қаблан ҳам бо ҷурми дуздӣ судшудаи сокини ҷамоати Яхтани ноҳияи Деваштич ба он гумонбар мешавад, ки соати яки шаби 23 июн  бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии зани 36-солаи сокини шаҳраки Ғончӣ даромада, аз он ҷо 2 адад телефони мобилии тамғаи «Samsung» ва лавозимоти рӯзгорро  ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ дуздидааст. Ба ӯ бар асоси моддаи 244 аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 1 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар дар як рӯз

Рӯзи 30-юми июни соли 2021, тахминан соати 02:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Аминов Сайфиддин Норович, соли таваллудаш 1997, сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард Солиев Муҳаммадамин Зафарович, соли таваллудаш 1999, сокини ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Солиев М.З. ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, санаи 30-юми июни соли 2021, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Неъматов Умар Қисматуллоевич, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», таҳти идораи Акбаров Шоҳрух Аскарович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Турсунзода бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Хайёлов Наҷибулло Сабзович, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Ванҷ ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин мусофири дигар, Сулаймонов Ислом, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душнбе ва мусофирони автомашинаи «Опел-Зафира», Қудратова Гулру Ҳикматуллоевна, соли таваллудаш 1976 ва Қудратова Гулрухсор Ҳикматуллоевна, соли таваллудаш 1987, сокинони шаҳри Панҷакент ба саломатиашон ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Садамаи нақлиётии марговар дар шаҳраки Бӯстон

Рӯзи 29-уми июни соли 2021, тахминан соати 14:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», Ҳасанов Эраҷбой Раҳимович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои автомашинаи тамғаи “Лабо-Комбо”, таҳти идораи Нурализода Абдуллоҷон Нуралӣ, соли таваллудаш 2000, сокини ҷамоати шаҳраки Бӯстон бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лабо-Комбо”, Нурализода А.Н. ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин мусофири автомашинаи тамғаи “Лабо-Комбо”, Комилзода Сокинаи Қудрат, соли таваллудаш 2000, сокини ҷамоати шаҳраки Бустон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар натиҷаи истеъмоли машрубот

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 52-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 24-уми июни соли 2021, тахминан соати 20:00, дар хонаи истиқоматии муваққатиаш, воқеъ дар суроғаи шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон, бо марди 46-солаи сокини шаҳраки мазкур нӯшокии спиртӣ истеъмол намуда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо мақсади қасдан расонидани зарар ба саломатӣ бо зарфи чойнӯшии шишагин 1-маротиба ба сари марди 46-сола задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида аз ҷароҳатҳои бардоштааш санаи 28-уми июни соли 2021, дар манзили истиқоматиаш ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани марди 31-сола бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Деваштич бо ариза зани 36-солаи сокини шаҳраки Ғончии ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 23-юми июни соли 2021, тахминан соати 01:00, шахсони номаълум, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 2-адад телефони мобилии тамғаи «Samsung» ва лавозимоти рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Яхтани ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button