ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистФарҳангЧеҳраҳо

ПИСАРИ УБАЙДУЛЛО РАҶАБОВ: ПАДАРАМ АЗ КОРОНАВИРУС ВАФОТ КАРД (9 АКС)

Шаҳзод Раҷабов, писари Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов  дар суҳбат бо “Азия Плюс” бемории коронавирусро иллати марги падараш номидааст.

“Дирӯз ба ин беморӣ гирифтор шуданд ва имрӯз моро тарк карданд. То ин вақт бемор набуданд, ба маҳфилу нишастҳо мерафтанд”,-гуфтааст Шаҳзод Раҷабов. Қаблан Радиои Озодӣ ва “Спутник” низ коронавирусро иллати марги Убайдулло Раҷабов гуфта буданд.

Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ ва орденҳои Дӯстӣ ва Ситораи президент, яке аз маъруфтарин ҳунарпешаҳои ҳаҷвнигори тоҷик, рӯзи 1 июл, соати 13:30  дар синни 80 дар манзилаш дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид.

Ба гуфтаи ҳунармандони тоҷик, Убайдулло Раҷабов тақрибан як ҳафтаи охир аз нафастангӣ азият мекашид, вале дар хона табобат мегирифт. Як ҳамсуҳбати пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, Убайдулло Раҷабов тақрибан 15 рӯз барои баргузории як озмуни ҷумҳуриявӣ дар Ҳисор қарор дошт ва зоҳиран ҳамон ҷо бемор шудааст.

Дар ду ҳафтаи охир Убайдулло Раҷабов инак 11-умин шахсияти шинохтаи Тоҷикистон аст, ки маргашон аз коронавирус расонаӣ мешавад. Вале вазорати тандурустии Тоҷикистон то ҳол исрор меварзад, ки дар соли 2021 касе дар ин ҷумҳурӣ аз коронавирус ҷон надодааст.

Моҳи марти соли ҷорӣ Убайдулло Раҷабов ба синни 80 расида буд. Нуқтаи авҷи фаъолияти эҷодӣ ва шуҳрату маъруфияти Убайдулло Раҷабов нимаи дуюми солҳои 80, замоне буд, ки ӯ бо як силсила намоишҳои ҳаҷвӣ дар мавзӯъҳои доғи рӯз дили ҳамаро тасхир кард.

Аксҳо аз “Азия Плюс”

Убайдулло Раҷабов 20 марти соли 1941 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, соли 1964 студияи маҳорати актёрии театри ба номи Лоҳутӣ ва соли 1982, вақте алакай 41 сол дошт, Донишкадаи санъати ба номи Турсунзодаро хатм кардааст.

Убайдулло Раҷабов фаъолияти кории худро дар Театри вилоятии драмаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст (1968-70). Солҳои 1970-89 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, 1990—2000 роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина», 2000—2004 Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2004 директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80» ва роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина».

Ҳамзамон аз соли 1994 муаллиф, таҳиягар ва роҳбари бадеии ҷашну маросимҳои бузурги оммавӣ, намоишҳои театришуда ва консертҳои давлатӣ, омода намудани гурӯҳҳои ҳунармандон ба сафарҳои хориҷӣ буд.

Нақшҳо

Беҳтарин нақшҳои офаридааш дар саҳнаи Театри драмаи мусиқии шаҳри Кӯлоб:

Хуршед («Орзу»-и М. Назаров),

Ҳоҷӣ Нуъмон («Ишқи африқоӣ»-и П. Мериме)

дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ:

Амфореас («Мубориза»-и С. Карас),

Хор («Антигона»-и Ж. Ануй),

Маҷ («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода),

Саид Акбар («Корвони бахт»-и М. Миршакар),

Абулқосим («Кафшҳои Абулқосим»-и И. Франко).

Истеъдоди актёрии Р. хусусан ҳангоми иҷрои нақшҳои ҳаҷвии зерин хеле хуб зоҳир гардидааст:

Ҳалимбой («Гилеми кабуд»-и Т. Аҳмадхонов),

эшон («Вопасин арӯси амиралмӯъминин»-и Ф. Муҳаммадиев),

Шариф Тормоз («Дар чорсӯ»-и Н. Табаров).

Дар намоишномаҳои телевизионии зерин ширкат варзида нақшҳо иҷро кардааст:

«Найрангҳои Майсара»-и Ҳ. Ниёзӣ,

«Дугонаҳо ба театр мераванд»-и Ҷ. Икромӣ,

«Зангирии Чақабой»-и М. Давлат,

«Зани оҳанин»-и С. Аҳмад,

Қучқорбойи тракторчӣ («Зани оҳанин»-и Шароф Бошбеков) ва ғайра.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button