ВидеоМуҳоҷирон

МУСОДИРАИ 7 КИЛО МЕВАИ ХУШКУ ЧОРМАҒЗ АЗ БАҒОЧИ МУСОФИРОНИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ ОМСК

Идораи Росселхознадзори вилояти Омск хабар дод, ки кормандонаш рӯзи 25 июн дар фурудгоҳи Омск ҳангоми тафтиши бағочи 3 мусофире, ки аз Тоҷикистон омада буданд, беш аз 7 кило маводи мамнӯъ ёфт ва мусодира кардаанд. Ин маводи мамнӯъ аз чормағзу меваи хушк иборат буда, мусофирон барои он ҳуҷҷатҳои фитосанитарӣ надоштаанд. Ба шаҳри Омск ҳоло асосан ширкати ҳавопаймоии “Сибир” аз фурудгоҳи Кӯлоб  парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад.

«Тибқи қонун, маҳсулоти мусодирашуда нобуд карда шуд», – гуфта мешавад дар гузорише, ки рӯзи 1 июл дар сомонаи идораи Росселхознадзори вилояти Омск нашр шуд. Ин идора мегӯяд, аз аввали сол кормандонаш дар фурудгоҳҳои вилояти Омск аз мусофирон 111 кило маводи ғизоии барои ворид кардан ба Русия мамнӯъро ёфт ва мусодира кардаанд.

Росселхознадзор ҳанӯз соли 2012 ба Русия овардани бисёре аз навъҳои маҳсулоти хӯрокаро маҳдуд кардааст ва ин маҳдудиятҳо то ҳол амал мекунанд.

Хадамоти матбуоти идораи Росселхознадзори вилоятҳои Саратову Самара қаблан хабар дод, ки танҳо тайи се рӯзи аз 23 то 25 июн кормандони Росселхознадзор дар фурудгоҳи “Гагарин”-и шаҳри Саратов аз мусофироне, ки аз ду шаҳри Тоҷикистон  – Хуҷанд ва Кӯлоб омада буданд, беш аз 40 кило маҳсулоти хӯрокаро мусодира кардаанд. Бино ба ин манбаъ, “аз бағочи мусофирони ин ду парвоз 33 навъи маҳсулот, асосан асал ва маҳсулоти ширӣ, ки бидуни асноди байторӣ ворид карда мешуд, мусодира гардид. Ҳамаи маҳсулоти мусодирашуда тибқи қонунҳои байтории Русия нобуд карда мешавад.”

Тайи се ҳафтаи аввали моҳи июн дар ҳамин фурудгоҳи “Гагарин” аз мусофироне, ки аз 4 шаҳри Тоҷикистон – Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд ва Бохтар – ва аз шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон вориди Саратов шуда буданд, беш аз 60 кило маҳсулоти хӯрока мусодира шуда буд.

Росселхознадзор ҳамин тавр, ҳафтае пеш хабар дод, ки кормандонаш дар фурудгоҳи Гумраки шаҳри Волгоград аз як мусофире, ки аз Тоҷикистон омада буд, 4 кило қурутро мусодира кардаанд. Бино ба ин гузориш, шаҳрванди Тоҷикистон ин миқдор қурутро мехост дар бағочи дастиаш вориди Русия кунад, вале ягон ҳуҷҷати санитарӣ барои ин қурут надошт.

“Ҳамаи ин 4 кило қурути беҳуҷҷат мусодира ва нобуд карда шуд”, — гуфта мешавад дар иттилоияи идораи Росселхознадзор.

Қурут як навъ маҳсулоти хушк аст, ки аз чакка бо иловаи намак  тайёр карда мешавад ва дар Осиёи Марказӣ хеле маъруф аст.

Росселхознадзор чанд сол боз аз хориҷ ба Русия овардани бисёре аз навъҳои маҳсулоти ғизоӣ ва растаниро маҳдуд кардааст. Ин маҳдудиятҳо баъди хуруҷи коронавирус бештар карда шуд.

Ин идора дар аввали моҳи июн хабар дод, ки дар фурудгоҳи шаҳри Волгоград аз бору бағочи мусофироне, ки аз Тоҷикистон меомаданд, 75 кило маҳсулоти хӯрокаро ба далели надоштани санадҳои лозим мусодира кардааст. Гуфта мешуд, вазни умумии маҳсулоти мусодирашуда 75 килоро ташкил дода, арахис, чормағзу бодом, пистаю  донаки зардолу, ғулингу мавиз, кунҷит, сабзавоту кабудӣ, тухмии гулу сабзавот, шириниҳо, себу гелосу анҷир, лимӯ, ниҳоли лимӯ ва маҳсулотиро дигарро дар бар мегирифт.

Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки танҳо аз як мусофири тоҷикистонӣ 13 кило маҳсулоти хӯрокворӣ, бо шумули гӯшти гов, қурут ва чаккаву ҷурғотро мусодир кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button