ВидеоФарҳангХабарҳои кӯтоҳ

ФОҶИАИ НОБАҲАНГОМ: ДАРГУЗАШТИ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ” ХУРШЕД ҚУРБОНОВ

Хуршед Қурбонов, устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” рӯзи 30 июл аз олам чашм пӯшид. Маросими намози ҷанозаи Хуршед Қурбонов соати 18 дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳин (собиқ Гулҷаҳон) дар Кӯлоб доир шудааст.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар саҳифааш дар Фейсбук  марги Хуршед Қурбоновро “фоҷиаи нобаҳангом” номида, хабар дод, ки ӯ бар асари аз тапиш мондани дил вафот кардааст. Дар номаи таъзияи донишгоҳ марҳум ҳамчун “ҷавони босаводу умедбахш”, “шахси ҳалиму меҳрубон” тавсиф шудааст.

Бисёриҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ марги Хуршед Қурбоновро дар чунин синни ҷавон боварнокарданӣ номида, аз ӯ ба унвони як устоди донишманду хушмутолиа ва бо завқи баланд ёд кардаанд.

Хуршед Қурбонов тоза моҳи апрели соли ҷорӣ дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” дар бахши адабиёти ҷаҳон баранда шуд ва дар телевизиони “Сафина” дар борааш барномаи муфассале таҳия карданд. Хуршед Қурбонов дар он барнома нақл карда буд, ки хеле ташнаи хондани китоб аст ва барои мисол, вақте китобҳои Фазлиддин Муҳаммадиевро дар забони асл, яъне тоҷикӣ пайдо накард, аввал тарҷумаи асарҳояшро ба русӣ мутолиа кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button