ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ПРОФЕССОР ФАРИДА МАНСУРОВА – ФАРЗАНДИ АКАДЕМИК МАНСУРОВ

Фарида Ҳамидовна Мансурова, доктори илмҳои тиб, профессор, духтари табиби машҳури тоҷик академик Ҳамид Мансуров, рӯзи 1 июл дар Душанбе дар синни 69 вафот кард. Дар бораи даргузашти ӯ дӯстонаш дар Фейсбук хабар доданд. Журналист Лидия Исамова навишт: “Фарида Ҳамидовна Мансурова  тарки дунё кард. Инсони тиллоӣ ва табиби ҳозиқу дар касби худ беҳтарин, модар, ҳамсар, хоҳар ва дугонаи беҳтарин…. Гена, Варшан, Ардашер, Рустам –ҳамдардии маро бипазиред. Ашк мерезам … Чаро беҳтаринҳо аз мо мераванд???”

Дилрабохон Ахмедова  марги Фарида Мансуроваро хабаре боварнокарданӣ номид ва навишт: “Чӣ қадар соли сахт аст имсол?”

Дар бораи сабабҳои марги Фарида Ҳамидовна чизе гуфта нашудааст. Танҳо Shuhrat Juraev  навишт, ки ӯро ба дастгоҳи нафаскашии сунъӣ пайваст карда буданд: «Ҳайф. Ӯро ба кислород пайваст карда буданд, вале наҷот наёфт. Худо раҳмат кунад.»  

Ҳоло аз дастгоҳи ИВЛ маъмулан  барои табобати беморони гирифтори коронавируси навъи нави COVID- 19  истифода мебаранд.

Фарида Ҳамидовна Мансурова 2 майи соли 1952 дар шаҳри Самарқанд дар оилаи академик Ҳамид Мансуров ва Ирина Мансурова ба дунё омада, соли 1975 Донишкадаи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кардаст.

Ӯ то соли 1977 дар ҳамин донишкадаи ординатори клиникии кафедраи терапияи госпиталӣ буд ва сипас ба ҳайси корманди хурд ва калони илмии шуъбаи ҷигару ғадуди зери меъда (1977—1984), мудири лабораторияи биохимияи клиникӣ (1984—2002), ҷонишини директор оид ба илми Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи АИ Тоҷикистон (2002—2010), мудири лабораторияи Маркази биология ва тибби инавиатсионӣ (аз 2010) кор кардааст.

Фарида Мансурова муаллифи беш аз 250 таълифоти илмист, ки ба роҳҳои табобат ва пешгирии санги талхадон бахшида шудаанд. Ковиши илмиаш оид ба масъалаҳои гуногуни гепатология ва гастроэнтерология низ ҷолиб аст.

Ӯ соли 1998 рисолаи докториашро ҳимоя карда, соли 2007 сазовори унвони профессор шуд.

Падари ӯ академик Ҳамид Мансуров  (1925-2013) яке аз беҳтарин табибони тоҷик ба шумор мерафт. Клиникаи назди Пажуҳишгоҳи гастероэнтерологияро дар Душанбе то ҳол ба шарафи ӯ клиникаи академик Мансуров меноманд.

Китобҳои Фарида Мансурова:

  • Гелиотропная гепатоангиопатия (Болезнь Мирочника — Мансурова). — Д., 1995;
  • Желчнокаменная болезнь в Таджикистане. — Д., 2004;
  • Клинические очерки по гепатологии и гастроэнтерологии. — Д., 2006;
  • Перекисное окисление липидов и антиперекисная защита ӯ больных вирусными поражениями печени. — Д., 2006;
  • Некоторые вопросы биохимии билиарного сладжа. — Д., 2006;
  • Метаболический синдром спроявлением желчнокаменной болезни. — Д., 2007
Фарида Мансурова ва падараш академик Мансуров

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button