ВидеоТаърихТоҷикистон

“ДАҲМАРДАРО ҚАТӢ ЗАНАШ КУШТЕМ. БАРОИ 5 ХАЛТА ПИСТАЮ 232 БУЗУ ГӮСФАНД…” (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шумораи навбатии ҳафтаномаи телевизионии “Ахбори ВКД” бархе ҷузъиёти парвандаи Зиёратшо Хушвақтов, як ҷанговари собиқ аз ноҳияи Панҷро ошкор кард.  Зиёратшо Хушвақтов, ки ба дастикам 5 куштор дар солҳои 90 гумонбар мешавад, баъди беш аз ду даҳсолаи фирор дар қаламрави Русия дастгир шуда, рӯзи 5 июн аз Маскав ба Душанбе истирдод шуд.

Хушвақтов Зиёратшо Иззатуллоевич, санаи таваллудаш 15 апрели соли 1978, сокини деҳаи Сафедорони ноҳияи Панҷ, солҳои 1997-1998 дар ҳайъати як гуруҳи ҷиноии силоҳбадаст ба як силсила ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла ба одамкушӣ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, қасдан несту нобуд кардани амвол ва дуздӣ даст задааст. Ӯ он вақт ҳамагӣ 20 сол дошт.

Зиёратшо Хушвақтов соли 1998 ба хотири халосӣ аз ҷавобгарии ҷиноӣ ба Русия фирор карда буд ва ҳоло, баъди 23 сол, вақте ба Тоҷикистон оварда шуд, ки алакай 43 сол дорад ва дар мӯю ришаш сафедӣ кайҳо реша давондаву  дар симояш дигар ҳеҷ осоре аз он ҷавони навхате, ки соли 1998 пой ба пайроҳаи фирор монда буд, дида намешавад…

Подполковник Нусратулло Маҳмадзода, сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар як гузориши вижа гуфт, Зиёратшо Хушвақтов аз ҷониби кормандони шуъбаи кушодани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини раёсати кофтукови ҷиноии ВКД, ки як вазифаашон кушодани ҷиноятҳои солҳои пеш низ мебошад, таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода шуда буд.

Зиёратшо Хушвақтов яке аз ҷиноятҳои дар солҳои 90 содиркардаашонро дар ин гузориши телевизионӣ чунин қисса кард: “Рафтем хонаи як ӯзбекзабон. Бо нияти дуздӣ. Вақте ба хонааш медаромадам, дар пеши хонааш як қопча писта мондагӣ буд. Пистаро гирифтам, пеши асп овардам. Дидам, ки Роибу Насим набуданд дар пеши асп. Пистаро дар асп бор мекардам, ки овози се тир омад. Баъди овози тир чанд овози дигар шуд…”

ВКД мегӯяд, Хушвақтов бо ҳаммаслаконаш Саидов ва Ёдгоров, ки низ аз ноҳияи Панҷанд, моҳи октябри соли 1997 бо автоматҳои Калашников мусаллаҳ шуда бо ҳадафи тасарруфи молу мулки шаҳрванд Бойназаров ба мавзеи Оқчапари ноҳияи Панҷ ҳуҷум карда, Бойназарова ва ҳамсараш Қарабоеваро ба ҳалокат расондаанд ва 232 сар бузу гӯсфанд ва 6 халта пистаро ба яғмо бурдаанд.

Худи Хушвақтов ин ҳодисаро чунин нақл кард:

“Дар ҳамин варзишгоҳ футбол мекардем. Баъди футбол шиштем ҳамин ҷову маслиҳат кардем, ки кай рафтан даркор? Маслиҳат шуд, ки пулро дуздида, омадан даркор аст.  Пагоҳ бегоҳаш дар сари хирман вохӯрӣ буд, маслиҳат кардему рафтем аз паси кору бор.

Бо чӣ рафтед? Бо силоҳ?

Бо силоҳ. Роиб омад ва бо силоҳ рафтем.

Бо чӣ намуд силоҳ?

Ду автомат.

-Рафтед, баъд чӣ ҳодиса рух дод?

Рафтем, як линча пистаашро дуздидем, вайҳо парронданд.

Киро парронданд?

Даҳмардаро ҳамроҳи занаш. Паррондему гурехтем, рафтем. 40-50 гӯсфанд дар ҳамин оғил буд. Мекуштем, мехӯрдем, мефурӯхтем. Барои пул шуда…”

ВКД мегӯяд, аъзои ин даста бо ҳамин усул ба манзили Алим Бӯриев ҳуҷуми мусаллаҳона карда, Бӯриевро ҳамроҳи ду фарзанди ноболиғаш ба ҳалокат расондаанд.

Хушвақтов нақл кард, ки ӯву Роибу Насим 4 автомат ва як карабин доштанд, ки баъди ҳар амалиёти роҳзанӣ дар боми оғил пинҳон мекарданд.

ВКД аз сокинони Панҷ даъват кард, ки агар дар солҳои 90 онҳо ё касе аз наздиконашон аз дасти ин гуруҳи силоҳбадастон ҷабр дида бошанд, ба мақомот муроҷиат кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button