БОЗДОШТИ ЯК НАРКОБАРОН БО ШИНОСНОМАИ ҚАЛБАКИИ ТОҶИКӢ ДАР ҚАЗОҚИСТОН (6 АКС)
Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон хабар дод, ки аз фаъолияти як гуруҳи фаромиллии қочоқбар, ки ба таври мунтазам ба қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Қазоқистон маҳғул буд, пешгирӣ ва роҳбарони ин шабакаро дастгир кардааст.
«Дар натиҷаи амалиёти махсуси бйналмилалӣ рӯзи 15 июни соли 2021 дар шаҳри АлмаАто ҳангоми интиқоли 25 кило маводи мухаддири сахттаъсир ташкилкунандаи ин масири қочоқи маводи мухаддир “М”, к и аз ҷониби ФСБ Русия барои содир кардани айни ҷиноят дар Русия ҷустуҷӯ мешуд, дастгир карда шуд. Барои фирор аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ин нафар шиносномаи қалбакии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифода мебурд. Шарики ӯ шаҳрванди Қазоқистон “К” низ дастгир шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи КАМ Қазоқистон.
Тафсилоти дигари боздошти ин наркобарон оварда нашудааст. Вале гуфта мешавад, ки ба зидди ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Қазоқистон: 286, қисми 4 ва 297, қисми 3 бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ҷустуҷӯи шарикони дигари онҳо идома дорад.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1370 км марзи муштарак дорад, ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” табдил ёфтааст.
Ҳоло дар Русия тақрибан 8 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар боздошт ё зиндон қарор доранд. Тақрибан 30 дарсади онҳо, бино ба ҳисобҳо, бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир пушти панҷара афтодаанд.
Ахиран видеои боздошти ду ҷавони тоҷики солҳои таваллудашон 1994 ва 2000 бо 720 грамм маводи мухаддир дар шаҳри Красноярски Русия нашр шуд. Ба онҳо то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.