ВидеоТоҷикистонҶомеа

ДУ КУШТОРИ ЯКЕ АЗ ДИГАРЕ МУДҲИШТАР ДАР ҲИСОР: ЯКЕ ҲАМРОҲ БО ТАҶОВУЗ, ЯКЕ БО ҚАТЛУ ҒОРАТИ ЗАНИ ҲАМСОЯ… (ВИДЕО)

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 14 июн сокини Ҳисор Муҳаммад Мансуровро ба 27 соли зиндони низомаш сангин ва рӯзи 21 июн сокини дигари Ҳисор Абдӯкарим Халиловро ба 29 соли зиндони низ низомаш сангин маҳкум кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, Муҳаммад Мансуров дар он гунаҳкор дониста шуд, ки аз бозиҳои букмекерӣ қарздор шуда, барои аз ин вазъият баромадан шаби 26 декабри соли 2020 бо нияти ғорат  ба хонаи ҳамсояаш Розиқова Ороста медарояд ва зани бечораро кушта, қасди куштани духтари ӯро мекунад, вале Меҳрона Розиқова муқобилият нишон дода, ҷонашро халос мекунад.

Аммо Халилов Абдӯкарим ба он гунаҳкор дониста шуд, ки шаби 3 феврали соли 2021 бо сӯиистифода аз маст будани Шаъмигул Қаҳҳорова бo ӯ як бор алоқаи ҷинсӣ мекунад. Вақте бори дуюм чунин ният мекунад, зан, ки каме ҳушёр шуда буд, муқобилият нишон медиҳад ва Халилов, ба гуфтаи тафтишот ва додгоҳ, занро латтукӯб карда, маҷбуран ба номусаш мерасад ва сипас барои рӯйпӯш кардани ҷинояташ ӯро буғӣ карда мекушад…

ТАҶОВУЗ ВА КУШТОР

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 21 июн Халилов Абдукарим Абдужалиловичро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятӣ: моддаҳои 138 қисми 1, 138, қисми 3 бандҳои “д, е” (Таҷовус ба номус) ва 104 қисми 2 бандҳои “в, л” (Одамкушӣ)  гунаҳкор шинохт ва ба 29 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард.

Маркази матбуоти Додситонии кул гуфт, тибқи фарзияи тафтишот, 3 феврали соли 2021, тахминан соати 22 Халилов А.А. дар дӯкони фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ, воқеъ дар кӯчаи А.Юсуфии шаҳри Ҳисор тахминан 500 грамм нӯшокии спиртии арақ истеъмол карда, маст мешавад. Дар дӯкони мазкур Қаҳорова Шаъмигул Ҷамшедовна қарор дошта, ӯ низ аз истеъмоли арақ маст шуда буд.

“Халилов А.А. мебинад, ки Қаҳорова Ш.Ҷ. дар ҳолати мастӣ қарор дошта, ҳаракату кирдорҳои худро идора карда наметавонад, ба худ мақсад мегузорад, ки бо номбурда алоқаи ҷинсӣ кунад. Бо ин мақсад ӯ ба назди терминали мусофиркашонии ш.Ҳисор омада, мошини тамғаи “Опел”-ро киро карда, ба ронанда мегӯяд, ки ӯ ва маъшуқааш маст шудаанд, онҳоро то ба наздикии меҳмонхонаи “Даҳбед” бурда расонад. Дар онҷо Халилов А.А. занро ба тарафи чапи канори роҳи мошингарди кӯчаи Н.Қаюмови ш.Ҳисор гузаронида, аз вазъияти оҷизона, яъне дар ҳолати мастӣ ва беҳушӣ қарор доштани Қаҳорова Ш.Ҷ. истифода бурда, бо ӯ як маротиба алоқаи ҷинсӣ менамояд”, – гуфта мешавад дар гузориш.

   Баъди ин, омадааст дар идомаи гузориш, Халилов А.А. Қаҳорова Ш.-ро ҳамон ҷо гузошта, худаш ба дӯкони фурӯши нӯшокиҳои спиртии “Хушбахт” рафта, боз 200 грамм нӯшокии спиртӣ истеъмол карда, дар ҳолати мастӣ ба назди Қаҳорова Ш.Ҷ. баргашта, мехоҳад бори дигар бо номбурда алоқаи ҷинсӣ намояд.

“Вале Қаҳорова Ш.Ҷ. каме ба ҳуш омада, намегузорад, ки Халилов А.А. бо вай алоқаи ҷинсӣ намояд. Аз ин, Халилов А.А. ба ғазаб омада, бо истифодаи зӯроварӣ бо мушт ба қисмати тарафи рости рухсораи ҷабрдида мезанад. Баъдан боз Халилов А.А. бо санг ду маротибаи дигар ба қисмати сари ҷабрдида зарба зада, баъд аз ин бо Қаҳорова Ш.Ҷ. як маротибаи дигар алоқаи ҷинсӣ менамояд. Пас аз ин Халилов А.А. дидаю дониста, ки Қаҳорова Ш.Ҷ. дар вазъияти оҷизона қарор дорад, бо нияти рӯйпӯш намудани ҷинояти таҷовуз ба номуси ҷабрдида, бо мақсади одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани Қаҳорова Ш.Ҷ.,. бо дасти чапаш гулӯи номбурдаро фишурдааст. Дар натиҷа роҳҳои нафасгирии Қаҳорова Ш.Ҷ. маҳкам шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва Халилов А.А. бошад аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад”, – гуфта мешавад дар гузориши маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон.

Муҳаммад Одинаев дар қатли зани ҳамсоя ва ғорат айбдор дониста шуд

ОҚИБАТИ ҚИМОРБОЗӢ

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 14 июн  сокини дигари Ҳисор Одинаев Муҳаммад Мансуровичро бар асоси моддаҳои 104, қисми 2 , бандҳои “и, л” (Одамкушӣ), 249, қисми 3, бандҳои “а,в,г” (Роҳзанӣ ба маблағи бузург(ва 32, қисми 3-104 қисми 2, бандҳои “в, и, л, п,” (сӯиқасд ба куштор) гунаҳкор шинохта, ба 27 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард.

Маркази матбуоти Додситонии кул гуфт, Муҳаммад Одинаев аз бозиҳои букмекерӣ қарздор шуда, барои аз ин вазъият баромадан дар ботинаш фикри дуздии молу мулки ғайр пайдо гардида буд.

Ӯ шаби 26 декабри соли 2020 бо мақсади нагузоштани далел ва изҳои ҷиноят дар ҷойи ҳодиса як адад кулоҳ, як ҷуфт дастпӯшро гирифта, сипас ду ҷойи кӯлоҳро ба қайчӣ бурида, аз он ниқоб тайёр кардааст ва тавассути девор ғайриқонунӣ ба хонаи ҳамсояаш Розиқова Ороста, воқеъ дар суроғаи шаҳри Ҳисор, кӯчаи А.Фирдавсӣ ворид шудааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, Одинаев дар онҷо ба сар ниқоб каишда, мехост вориди ҳуҷраҳои хона гашта, молу мулки ҳамсояашро бидуздад.   Аммо ҳамин ҳангоми Розиқова Ороста, аз ҳуҷраи хонаи истиқоматиаш баромада, ба тарафи ҳаммоми хонааш роҳсипор мегардад. Одинаев М.М. бошад, номбурдаро дида, дар назди ҳоҷатҳона пинҳон шуда, бо сабабҳои аз ӯ вобастанабуда нақшаи тасарруфи ниҳонии молу мулки Розиқова О.-ро ба охир расонида наметавонад.

“Одинаев М.М. ин ҳолатро дида, нақшаи ҷинояткоронаи худро фавран дигар карда, ба худ мақсад мегузорад, ки ба таври ошкоро ба Розиқова О. ҳуҷум карда, бо истифодаи зӯроварӣ барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок номбурдаро ба қатл расонида, соҳиби молу амволаш гардад.     Бо ин мақсад, Одинаев М.М. мунтазири аз ҳаммом баромадани Розиқова О. шуда, ба ӯ ҳуҷум карда, бо дасти чапаш даҳону бинӣ ва бо дасти росташ сари ӯро фишурда, роҳҳои нафаскашии ӯро пурра маҳкам намудааст, ки дар натиҷа Розиқова О. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – гуфта мешавад дар гузориши маркази матбуоти Додситонии кул.

    Баъд аз ин, Одинаев М.М. ҷасади Розиқоваро ба дохили ҳоҷатхона гузаронида, гӯшворҳои тиллоии ӯ,  арзишаш 1258.19 сомонӣ ва ангуштарини тиллоияш, арзишаш 775,05 сомониро, ки дар маҷмӯъ 2033.24 сомониро ташкил медиҳанд, тасарруф намудааст.

    Ҳамчунин, Одинаев М.М. пас аз роҳзанӣ ва куштори ҷабрдида Розиқова О.Б. вориди яке аз ҳуҷраҳо хонаи ӯ шуда, ба кофтан шурӯъ менамояд. Ин лаҳза духтари ноболиғи Розиқова О.-Розиқова Меҳрона Сайфуллоевна, санаи таваллудаш 9 апрели соли 2006 аз хоб бедор шуда, Одинаев М.М.-ро дида, аз тарс доду фиғон кардааст.

   Одинаев М.М. аз ин ҳолат ба ҳарос афтода, бо мақсади куштан ва рӯйпуш кардани ҷиноятҳои содирнамудааш, ба ноболиғ Розиқова М.С. ҳуҷум карда, бо дасти росташ даҳону бинии номбурдаро маҳкам карда, мехоҳад, ки ӯро ҳам аз ҳаёт маҳрум созад, аммо, Меҳронаи 14-сола муқобилият нишон дода, бо дасташ  ниқобро аз сари Одинаев мекашад ва панҷаи дасти росташро мегазад, ки дар натиҷа дастпӯши дасти чапи Одинаев М.М. ба болои фарши хуҷра меафтад ва Одинаев аз тарси он ки Меҳрона ӯро метавонад шиносад, фирор мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button