ВидеоМуҳоҷирон

ВИДЕО: БОЗДОШТИ ДУ ҶАВОНИ ТОҶИК БАРОИ ҚОЧОҚИ ҲЕРОИН ДАР КРАСНОЯРСК

Пулиси кишвари Красноярски Русия бо нашри як видео аз боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Маркази матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии ин минтақа гуфт, кормандони раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар натиҷаи коркарди маълумоти фаврӣ муайян карданд, ки ду ҷавони зодаи Тоҷикикистон, солҳои таваллудашон 1994 ва 2000, ки дар шаҳри Красноярск иҷора менишастанд, дар манзилҳои худ махфигоҳи маводи мухаддир дуруст карда, ҳероинро тавассути мессенҷерҳо мефурӯшанд.

Ҳарду ҷавони тоҷикро дар як амалиёти махсус бо кумаки воҳиди «Гром» дастгир кардаанд.

“Ҳангоми кофтукоб аз мошини «Фолксваген», ки дастгиршудаҳо бо он ҳаракат мекарданд, 190 бастаи маводи мухаддир ёфт шуд. 470 бастаи дигар аз махфигоҳ дар анбори хонаи иҷораи яке аз гумонбаршавандаҳо ва 80 бастаи дигари омода барои фурӯш аз як махфигоҳ дар маркази шаҳр ёфт ва мусодира карда шуд. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар маҷмӯъ 720 грамм ҳероинро, ки қиматаш дар бозори сиёҳ наздики 2 миллион рублро ташкил медиҳад, мусодира карданд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи расмии пулиси Красноярск.

Ҳарду ҷавони тоҷикро ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд. Нисбат ба ин ду шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми қасди фурӯши маводи мухаддир парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба онҳо бар асоси қисми чоруми моддаи 228.1 Кодекси ҷиноятии Русия то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1370 км марзи муштарак дорад, ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” табдил ёфтааст.

Ҳоло дар Русия тақрибан 8 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар боздошт ё зиндон қарор доранд. Тақрибан 30 дарсади онҳо, бино ба ҳисобҳо, бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир пушти панҷара афтодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button