ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

МУЗОКИРОТИ РОҲБАРОНИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН 6 СОАТ БОЗ ИДОМА ДОРАД

Музокироти байни президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов (Садыр Жапаров) дар Қасри миллат дар Душанбе тӯл кашида истодааст. Мулоқоти рӯбарӯи онҳо соати 9:20 оғоз ёфт ва мебоист соати 11:00 ҷамъбаст мешуд. Вале хабарнигорон аз Қасри миллат хабар медиҳанд, ки соат дар Душанбе 15:20 шуда ва аз оғози музокирот алакай 6 соат гузаштааст, вале Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ҳамчунон ба музокироти худ идома дода истодаанд. Ба гуфтаи хабарнигорон, дар давоми ин музокироти тӯлонӣ чандин дафъа ба ҳуҷрае, ки раҳбарони ду кишвар мулоқот доранд,  нақшаҳо ва харитаҳои топографиро даровардаанд. Ин табиист, чунки мавзӯи асосии музокироти Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов масоили марзӣ –мавзӯи аз ҳама ҳассос дар равобити Тоҷикистону Қирғизистон аст.

Содир Ҷабборов дар оғози музокироташ бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “муносибатҳо мо баъди ҳодисаҳои 28 апрел даврони сахтеро пушти сар мекунанд. Мо бояд ин мушкилро тавре ҳал кунем, ки дар оянда чунин ҳодисаҳо такрор нашаванд.”

 Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов шоми 28 июн бо сафари расмии дурӯза вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд.

Ин нахустин дидори рӯбарӯи президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов баъд аз муноқишаи хунини ду моҳ пеш дар марзи вилоятҳои Суғду Бодканд аст, ки аз ҳар ду тараф беш аз 50 кушта ва ҳудуди 240 захмӣ ба ҷо гузошт. Ин муноқиша хунинтарин муноқиша дар таърихи нафақат низоъҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ дар чанд даҳсолаи охир дониста мешавад.

Тавофуқ дар мавриди сафари  Содир Ҷабборов ба Душанбе рӯзи 30 апрел дар ҷараёни нахустин гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои қирғизаш баъд аз муноқишаи хунин дар марзи Исфараву ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон ба даст омада буд.  Комил Алламҷонов, сухангӯи собиқи президенти Ӯзбекистон он вақт навишт, ки ин гуфтугӯи телефонӣ бо миёнаравии Шавкат Мирзиёев сурат гирифтааст. Манобеи огоҳ дар Душанбе низ мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон шадидан мухолифи гуфтугӯи ҳатто телефонӣ бо Содир Ҷабборов буд ва Мирзиёев хеле талош кард, то ӯро ба зарурати ин тамоси телефонӣ мутақоид кунад.

Тибқи тавофуқе, ки дар он гуфтугӯи телефонӣ ба даст омад, қарор шуда буд, ки ҳайъатҳои ду ҷониб дар комиссияи таъйин ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз 1 май ба музокироти масоили марзӣ шурӯъ мекунанд ва  Ҷабборов алакай дар нимаи дуюми моҳи май ба Душанбе омада, бо ҳамтои тоҷикаш тавофуқоти дар ҷараёни музокироти марзӣ ҳосилшударо ниҳоӣ хоҳанд кард.

Аммо ба далелҳои ҳанӯз норӯшане ин сафар то поёни моҳи июн ба таъхир афтод. Дар ин байн дар аввали моҳи июн дар марзи ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) бо вилояти Ӯши Қирғизистон низ муноқишаи ҷиддие ба вуҷуд омад, ки хушбахтона, бидуни қурбонӣ ва тавассути музокирот ҳаллу фасл шуд.

Бо гузашти қариб 30 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 970 км тӯли марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон то имрӯз ҳамагӣ 504 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои баҳсӣ ҳар сари чанд вақт бар асари тақсими об, замин, убури ғайриқонунии марз ва ихтилофоти қавмӣ муноқишаҳо рух медиҳанд. Хунинтарин муноқиша дар марзи ин ду кишвар дар поёни моҳи апрели соли 2021 рух дод, ки дар он аз ҷониби Қирғизистон 36 нафар кушта шуда, 154 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тоҷикистон аз кушта шудани 19 шаҳрвандаш ва ҷароҳат бардоштани 87 нафар хабар дод. Ҳарду ҷониб якдигарро дар сар задани муноқишаи ахир айбдор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button