ВидеоХабарҳои кӯтоҳ
ДУЗДИИ ТАҶҲИЗОТИ ЧӮББӮРӢ ДАР ХОВАЛИНГ

Ба ШВКД дар ноҳияи Ховалинг бо ариза марди 67-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2021, тахминан соати 22:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо таҷҳизоти чӯббуриро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 244 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.