ВидеоМуҳоҷиронНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ДОДГОҲИ МАСКАВ ҶАВОНИ ТОҶИКРО БАРОИ ЛАТТУКӮБИ СКИНҲЕДҲО ДУ МОҲ БА ҲАБС ГИРИФТ (АКС+ВИДЕО)

Додгоҳе дар Маскав рӯзи 28 июн бо талаби тафтишот шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон Амиршоҳ Ҳусейновро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Амиршоҳ бар асоси моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия ба авбошӣ муттаҳам мешавад ва ба ӯ ҷарима ба маблағи то 1 миллион рубл ваё то 7 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад. Вале дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯянд, барои ҳимоят аз ин шаҳрванди худ истодагарӣ хоҳанд кард. Сафорат алакай ба мақомоти Русия дар робита ба парвандаи Амиршоҳ Ҳусейнов нота фиристода, ваъда додааст, ки ба ӯ барои гирифтани адвокат низ кумак мерасонад.

Рӯзи 28 июн амак ва писарамаки Амиршоҳ, ки низ дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доранд, ба мурофиаи додгоҳии ӯ омаданд, вале ба далели пандемияи коронавирус касеро ба толори мурофиа роҳ надодаанд.

Наздикони Амиршоҳ дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” сарусадоҳо дар бораи писари кадом одами “калоншаванда” будани ӯро рад карданд ва гуфтанд, ҳоло дӯстонаш барои адвокат гирифтан барои ӯ суратҳисоб кушодаанд.

Наздикони Амиршоҳ мутмаинанд, ки ӯ бегуноҳ аст. Ба гуфтаи онҳо, Амиршоҳ се сол пеш, мисли ҳазорон тоҷики дигар, баробари хатми мактаб, рост аз паси парта ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафт ва дар ҳар ҷое ки рост меомад, аз ҷумла дар сохтмону нонвойхона, кор мекард. Ӯ ягон манбаи таъмини рӯзгори оилаашон будааст. Падару модари Амиршоҳ дар ягон ҷо кор намекунанд, хоҳари калониаш ба шавҳар баромада, рӯзгори худро дорад ва таъмини зиндагии падару модар ва як додари ҳанӯз нӯҳсолаашро Амиршоҳ бар ӯҳда доштааст.

Ҳусейнов Амиршоҳ – аз чап

Ҳусейнов Амиршоҳ Абдуқодирович,  санаи таваллудаш 06.05.2000, зодаи шаҳри Панҷакент шоми 23 июн дар шаҳри Маскав дар пайи латтукӯби гуруҳи скинҳедҳо боздошт шуд.

Ҳомии ҳуқуқи инсон Валентина Чупик дар гуруҳи фейсбукии “Мы, мигранты” хабар дод, ки шоми 23 июн як гуруҳи скинҳедҳо дар кӯчаи Толбухини шаҳри Маскав дар кӯча бо шиори “Россия для русских, Москва для москвичей!” (“Русия барои русҳост, Маскав барои маскавиҳост!”) раҳпаймоии ғайриқонунӣ ташкил карда буданд. Шиорҳои миллатгароёнаи онҳо ба як гуруҳи  ҷавонони ғайрирус хуш наомад ва онҳо бо скинҳедҳо вориди баҳс шуданд. Лидери скинҳедҳо шарт гузошт, ки як нафар аз тарафи муқобил барояд ва бо ӯ ҷанги тан ба тан кунад. Аз он тараф як ҷавон баромад ва лидери скинҳедҳоро хеле зуд ва ба осонӣ чунон кӯфту ба замин зад, ки ӯ бо дастонаш чанд бор ба замин зада, тараҳҳум хост.

Вале скинҳедҳо аз алами шикасти миёншикани лидерашон ба хашм омада, ҳамакаса, аз ҷумла бо таҳдид аз туфангчаи травматикӣ ба ҳамла гузаштанд.  

Вақте пулис ба ҷои ҳодиса омад, як ҷавони доғистонӣ ва як нафар аз Қирғизистон, ки ҳамроҳи Амиршоҳ ба скинҳедҳо ҷанги тан ба тан карданд, тавонистанд фирор кунанд. Пулис скинҳедҳо ва Амиршоҳро дастгир кард. Вале скинҳедҳоро хеле зуд ҷабрдида бароварда, ҷавоб доданд ва танҳо Амиршоҳ Ҳусейновро пушти панҷара боқӣ  монд.

Чупик навишт, ки ба зидди ҷавони тоҷик бар асоси моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошӣ парванда бофтаанд.  Ӯ аз адвокатҳо даъват кард, ки усулан ва бепул ҳимояти ин муҳоҷири тоҷики, ба ақидаи ин ҳомии ҳуқуқ “бардурӯғ айбдоршуда”-ро ба дӯш гирифта,исбот кунанд, ки муқобила ба миллатгароӣ набояд дар Русия ҷиноят шумурда шавад!

Бисёриҳо навиштаанд, ки мақомоти Маскав ва Русия бояд баракс ба ин ҷавононе, ки ҷасурона пеши роҳи скинҳедҳоро гирифтанд, ташаккур бигӯянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button