ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДАРГУЗАШТИ ЯК РАҲБАРИ БАЛАНДПОЯИ ДАСТГОҲИ ПРЕЗИДЕНТ АЗ “ИЛТИҲОБИ ШУШ”

Саидвализода Раҷабалӣ Хушбахт, роҳбари Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон шаби 28 ба 29 июн дар бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе дар синни 63 аз бемории монанд ба коронавирус ё “илтиҳоби шуш” вафот кардааст. Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар додаанд, ки ҷанозаи Саидвализодаро рӯзи 29 июн барои дафн ба зодгоҳаш, ноҳияи Данғара бурдаанд. Раҷабалӣ Саидвализода аз мавзеи маъруф ба “фабрикаи мурғ”-и ноҳияи Данғара буд.  Саидвализода баландпоятарин мансабдор дар ҳукумати кунунии Тоҷикистон аст, ки қурбони мавҷи нави коронавирус ё “илтиҳоби шуш” шуд.

Саидвализода Раҷабалӣ  Хушбахт 5 марти соли 1958 дар  ноҳияи Данғара ба дунё оварда, соли 1986 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси сохтмон хатм кардааст.

Ӯ қабл аз донишгоҳ чанд сол дар Муассисаи нақлиётии №22 ноҳияи Данғара ба ҳайси таъмиргари дараҷаи 5 кор карда, баъди дарёфти дипломи муҳандисӣ 35 соли умри худро дар соҳаи сохтмон сарф кардааст.

Саидвализода аз ҷумла солҳои 1986-2013 дар вазифаҳои дуредгар, муҳандис, муҳандиси калон, сардори шуъбаи истеҳсолию техникии Идораи  механиконидашудаи сайёри №26 трести «Данғараводстрой», устои коргузори Раёсати сохтмонию васлкунии СГЭС «Норак-ГЭССтрой», сардори шуъба, сармуҳандиси заводи оҳану бетонии  шаҳри Норак, сардори шуъбаи истеҳсолию банақшагирии ЖБК, корхонаи маснуоти оҳану бетонии №6-и  шаҳри Душанбе, муҳандис – сохтмончии Маркази татбиқи лоиҳаҳои офияти соҳаи энергетикии Тоҷикистон кор карда, солҳои 2000 то 2004, тӯли 5 сол дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштааст.

Саидвализода аз соли 2006, 15 соли охир дар Дирексияи сохтмони дастгоҳи президент ба ҳайси  муовини сардори шӯъбаи истеҳсолӣ, сармуҳандис ва муовини директор фаъолият карда, аз моҳи майи соли 2013 то январи соли 2017 сармуҳандиси  ин идора буд. Бо амри президент Эмомалӣ Раҳмон аз 12 январи соли 2017 Раҷабалӣ Саидвализода  директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент таъйин шуда буд.

Ӯ соли 2016 бо Ордени «Шараф» дараҷаи 2 сарфароз гардонида шудааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон баъди қариб 6 моҳи бо исрор рад кардани ҳолатҳои нави коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 21 июн билохира мавҷи нави ин бемориро дар кишвар тасдиқ кард ва дар 8 рӯзи охир дар бораи беш аз 150 мавриди нави сироят ба коронавирус хабар дод. Вале  ин вазорат  аз аввали соли 2021 то ҳол дар бораи ягон мавриди ҳалокати сокинон аз ин вирус хабар надодааст.

Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, танҳо дар 10 рӯзи  охир алакай марги дастикам 9  нафар аз шахсиятҳои маъруф аз коронавирус ваё “илтиҳоби шуш” ошкор ва расонаӣ шудааст:

  1. Қурбоналӣ Абдураҳимзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, 57-сола
  2. Домулло Абдураҳмон Боқизода,  аз деҳаи Гулпарвари ноҳияи Рӯдакӣ, 62-сола
  3. Профессор Нигина Шаропова, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон, 62-сола
  4. Наргис Ҳакимова, табиби дермато-косметолог
  5. Роҳат, ҳамсари Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур, 72-сола
  6. Лайлӣ Мақсудова, сардори шуъбаи равобити байналмилалии “Тоҷикстандарт”, 35-сола
  7. Қобилхоҷа Қобилов, раиси собиқи дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ , 64-сола
  8. Майор Ҳомидҷон Устоев, корманди собиқи милитсияи шаҳру вилояти Қӯрғонтеппа
  9. Раҷабалӣ Саидвализода, директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, 63-сола.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button