5 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК САРБОЗ ВА ДУ БАРОДАР БАРОИ ДУЗДӢ АЗ ХОНАИ ЯК СОКИНИ ЧОРБОҒ
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Дшанбе хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии 08010 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёдгоров Шоҳин Баҳромович ва ду бародар: Мансуров Акбар Муродалиевич ва Мансуров Абубакр Муродалиевичро бар асоси бандҳои «б, в, г» қисми дуюми моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар дуздии молумулки як шаҳрванд гунаҳкор шинохта, ҳар кадоми онҳоро панҷсолӣ ҳукми зиндон дод. Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ин се нафар ҳукми худро дар колонияи низомаш пурзӯр адо хоҳанд кард.
Ҳукми сарбоз ва ду бародар ҳанӯз рӯзи 12 апрел содир шудааст, вале тафсилоташро Додситонии кул танҳо рӯзи 29 июн нашр кард. Бино ба ин манбаъ, “санаи 9 январи соли 2021 хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии 08010 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёдгоров Шоҳин Баҳромович, бо рафиконаш Мансуров Акбар Муродалиевич ва Мансуров Абубакр Муродалиевич вохӯрда, барои содир намудани ҷиноятӣ дуздӣ маслиҳати пешакӣ намудаанд. Минбаъд, шаби 10 ба 11 январи соли 2021 ӯ дар якҷоягӣ бо Мансуров А.М. ва Мансуров А.М. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо мақсади содир намудани ҷиноятӣ дуздӣ ба хонаи шаҳрванд Мирзоев С.К. ки воқеъ дар ноҳияи Варзоб, чамоати Чорбоғ, деҳаи Шодоб, хонаи 282, пинҳонӣ даромада молу амволи ӯро, ки маблағи 11 687 сомониро ташкил медод, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.”
Парванда ба зидди ин се нафарро ба далели хизматчии ҳарбӣ будани яке аз гумонбаршавандагон аз ҷониби Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда буд.