ВидеоМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ПУТИН ТО 15 ИЮЛ МУҲЛАТ ДОД, КИ МУҲОҶИРОНРО АЗ КОРОНАВИРУС ЭМ КУНАНД

Президенти Русия Владимир Путин рӯйхатти супоришҳо бар асоси натиҷаҳои Форуми байналмилалии иқтисодии Петербургро тасдиқ кард. Дар ин рӯйхат, ки рӯзи 27 июн дар сомонаи расмии Кремл  нашр шуд, таҳти №1  масъалаи ташкили маъракаи эмкунӣ ё худ ваксиназании муҳоҷирони корӣ зикр шудааст:

 «1. Ба ҳукумати Федератсияи Русия:

а) барои пешгирӣ аз сирояти коронавируси нав (COVID-19) имкони бепул эм кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандиеро, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, бо риоияи талаботи санитариву эпидемиологӣ таъмин кунад.

Ҳисобот – то 30 июни соли 2021…

в) барои пешгирӣ аз сирояти коронавируси нав (COVID-19) эм кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандиеро, ки ба Русия бо мақсади кор меоянд, ташкил карда, манбаъҳои маблағгузории чорабиниҳои марбутаро муайян кунанд.

Муҳлат – 15 июли соли 2021.»

6529834 28.04.2021 Мужчина прививается от COVID-19 в пункте вакцинации в торгово-развлекательном центре “Калейдоскоп” в Москве. Валерий Мельников / РИА Новости

Ёдовар мешавем, муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин  дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург (ПМЭФ), ки аз 2 то 5 июни соли 2021 доир шуд, дар мусоҳиба ба Тина Канделаки дар барномаи «Специальный гость»  дар шабакаи телевизионии RTVi гуфт, ҳукумати Русия масъалаи осон кардани тартиби овардани муҳоҷирони хориҷӣ ва ҳатман аз коронавирус ваксина гирифтани онҳоро баррасӣ мекунад.

“Мо дар ҳоли ҳозир масъалаи содда кардани тартиби овардани муҳоҷирон ва ваксиназании ҳатмии онҳоро баррасӣ дорем”, — гуфт Марат Ҳуснуллин. Муовини сарвазири Русия гуфт, камбуди нирӯи корӣ дар сохтмонҳо барои Русия “рискҳои хеле бузург” дорад. Ба ақидаи ӯ, ин ба маънои “забун кардани иқтисоди кишвар аст, яъне мо аз роҳи рушд берун хоҳем афтод.”

Ҳуснулллин  ба Тина Канделаки гуфт, дар шароити кунунӣ иқтисоди Русия ба сабаби сатҳи пасти тавлидотиаш наметавонад аз нирӯи кори муҳоҷирони хориҷӣ даст бикашад, зеро ба фарқ аз сокинони Русия, муҳоҷирон омодаанд, ки “дар ивази 50 ҳазор рубл ҳар рӯз то 12 соат кор кунанд”. “Мо дар як ё ду соли наздик наметавонем ба технологияҳое гузарем, ки битавонем бидуни нирӯи кори муҳоҷирон корҳои худро сомон бидиҳем”, – гуфт муовини сарвазири Русия. Ба ҳисоби Ҳуснуллин, дар давраи пандемия хароҷоти маоши коргарон то 50% боло рафт ва ин боиси дастикам 12,5% боло рафтани арзиши аслии моликияти ғайриманқул дар Русия шуд.

Вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко низ дар ҳошияи форуми Петербург дар бораи нақшаи ваксиназании муҳоҷирон суҳбат кард. Ба гуфтаи ӯ, нақшаи ваксиназании муҳоҷирон бояд то 3 ило 4 ҳафтаи дигар омода шавад. Мурашко гуфт, барои ин маърака, қарор аст, аз ваксинаи якдафъаинаи “Спутник Лайт” истифода шуда, он муҳоҷирон ва хориҷиёне, ки алакай дар Русия қарор доранд, ба ин маъракаи ваксиназанӣ ба зидди коронавирус фаро гирифта мешаванд.

Русия дар баҳори соли 2020 марзҳои худро ба далели пандемияи коронавирус баст ва ин боис шуд, ки соли 2020 ва моҳҳои аввали соли 2021 садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ натавонистанд худро ба Русия бирасонанд. Ин боиси камбуди шадиди нирӯи корӣ, бахусус дар соҳаи сохтмони Русия шуд ва ширкатҳои бузурги сохтмонии Русия ҳатто ба ҳукумат муроҷиат карданд, то ба онҳо аз Осиёи Марказӣ овардани муҳоҷиронро иҷозат диҳад.

Путин низ моҳи май дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътироф кард, ки Русия ба нирӯи кори муҳоҷирон сахт ниёз дорад.

Ба ҳисоби Маркази коркардҳои стратегии Русия, дар поёни соли 2020 ҳудуди 40 фоизи ширкатҳое, ки маъмулан муҳоҷиронро ба кор мегирифтанд, ба камбуди нирӯи корӣ дучор шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button