ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН ВОРИДИ ДУШАНБЕ ШУД, ВАЛЕ ИСТИҚБОЛАШ МИСЛИ ИСТИҚБОЛ АЗ МИРЗИЁЕВ НАБУД (5 АКС)

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров (Ҷабборов) шоми 28 июн бо сафари расмии дурӯза вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд. Ӯ баъди анҷоми боздиди расмиаш аз Туркманистон ба Душанбе омад.

Хабаргузории давлатии “Ховар” бо нашри чанд акс хабар дод, ки дар фурудгоҳи Душанбе сарвари Қирғизистонро  сарвазири  Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки маросими истиқболи расмии президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмон оро  дода шуда буд, баргузор гардид.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Содир Ҷабборовро пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кардааст. “Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт”, – гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон шоми 28 июн хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон Содир Ҷабборовро “бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ” ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Баҳор”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб бурдааст. “Дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ Сарони давлатҳо табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффоро тамошо карданд. Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ – муаррифии мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосоямон мебошад”, гуфта мешавад дар гузориши расмӣ.

Аммо ба сурати умум чунин ба назар мерасад, ки маросими истиқбол аз президенти Қирғизистон мутобиқ ба чорчӯби протоколи сафарҳои расмии сарони кишварҳо доир шудааст, вале на он шаҳомат ва шукӯҳе, ки рӯзи 10 июн зимни истиқболи гарму ҷӯшон аз президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Душанбе дида шуд.

Ин нахустин дидори рӯбарӯи президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов баъд аз муноқишаи хунини ду моҳ пеш дар марзи вилоятҳои Суғду Бодканд аст, ки аз ҳар ду тараф беш аз 50 кушта ва ҳудуди 240 захмӣ ба ҷо гузошт. Ин муноқиша хунинтарин муноқиша дар таърихи нафақат низоъҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ дар чанд даҳсолаи охир дониста мешавад.

Тавофуқ дар мавриди сафари  Содир Ҷабборов ба Душанбе рӯзи 30 апрел дар ҷараёни нахустин гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои қирғизаш баъд аз муноқишаи хунин дар марзи Исфараву ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон ба даст омада буд.  Комил Алламҷонов, сухангӯи собиқи президенти Ӯзбекистон он вақт навишт, ки ин гуфтугӯи телефонӣ бо миёнаравии Шавкат Мирзиёев сурат гирифтааст. Манобеи огоҳ дар Душанбе низ мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон шадидан мухолифи гуфтугӯи ҳатто телефонӣ бо Содир Ҷабборов буд ва Мирзиёев хеле талош кард, то ӯро ба зарурати ин тамоси телефонӣ мутақоид кунад.

Тибқи тавофуқе, ки дар он гуфтугӯи телефонӣ ба даст омад, қарор шуда буд, ки ҳайъатҳои ду ҷониб дар комиссияи таъйин ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз 1 май ба музокироти масоили марзӣ шурӯъ мекунанд ва  Ҷабборов алакай дар нимаи дуюми моҳи май ба Душанбе омада, бо ҳамтои тоҷикаш тавофуқоти дар ҷараёни музокироти марзӣ ҳосилшударо ниҳоӣ хоҳанд кард.

Аммо ба далелҳои ҳанӯз норӯшане ин сафар то поёни моҳи июн ба таъхир афтод. Дар ин байн дар аввали моҳи июн дар марзи ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) бо вилояти Ӯши Қирғизистон низ муноқишаи ҷиддие ба вуҷуд омад, ки хушбахтона, бидуни қурбонӣ ва тавассути музокирот ҳаллу фасл шуд.

Бо гузашти қариб 30 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 970 км тӯли марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон то имрӯз ҳамагӣ 504 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои баҳсӣ ҳар сари чанд вақт бар асари тақсими об, замин, убури ғайриқонунии марз ва ихтилофоти қавмӣ муноқишаҳо рух медиҳанд. Хунинтарин муноқиша дар марзи ин ду кишвар дар поёни моҳи апрели соли 2021 рух дод, ки дар он аз ҷониби Қирғизистон 36 нафар кушта шуда, 154 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тоҷикистон аз кушта шудани 19 шаҳрвандаш ва ҷароҳат бардоштани 87 нафар хабар дод. Ҳарду ҷониб якдигарро дар сар задани муноқишаи ахир айбдор мекунанд.

Аксҳо аз сомонаи “Ховар”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button