Муҳоҷирон

МАРГИ БЕЖАН, БОЗ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ҒАРИБӢ

Бежан Холов, як ҷавони 26-сола аз деҳаи Маргедари Панҷакент шоми 27 июн ҳамроҳи дӯстонаш ба оббозӣ рафта, ғарқ шудааст. Дар ин бора журналисти тоҷик Шаҳло Наҷмиддинова  дар гуруҳи фейсбукии ШОМИ ҒАРИБОН شام غریبان хабар дод.  Бино ба иттилои Шаҳло Наҷмиддинова, Бежан оббозӣ карда натавониста, ба об рафтааст.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки Бежан дар оилаи Абдураҳим ном сокини Марғедар  яккаписар буда, ҳанӯз издивоҷ накарда буд. Бежан дар як сохтмон дар шаҳраки Климовск дар ҳавзаи Подолски вилояти Маскав кор мекард.

Ахиран дар бораи ҳалокати як ҷавони 19-сола ва як навраси 17-солаи тоҷик дар Санкт Петербург хабар расида буд. Ҳафтаи гузашта як ҷавони 23-сола аз Тоҷикистон дар ноҳияи Гатчинои вилояти Ленинград ғарқ шуд.

Як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик гуфт, танҳо дар моҳи июн ба онҳо дар бораи ғарқ шудани беш аз 20 муҳоҷири тоҷик дар Русия хабар додаанд. “Мутаассифона, аксаран бачаҳои ҷавон ба об рафтаанд”, – мегӯяд ӯ.

Ба сурати умум, ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳлои гуногун мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кор, бемориҳои гуногун, садамаҳои нақлиёт ва тасодуфҳое, мисли ғарқшавӣ ҳангоми оббозӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар ин кӯи ғурбат ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button