
Додситонии вилояти Сахалин хабар дод, ки як шаҳрванди Тоҷикистонро дар минтақаи Шарқи дури Русия бо ҷурми даъват ба фаъолиятҳои террористӣ маҳкум ба зиндон кардаанд.
Исми ин муҳоҷири тоҷик нашр нашудааст, вале дар иттилоияи додситон гуфта мешавад, ки додгоҳи якуми ҳарбии ҳавзаи Шарқӣ бо пуштибонӣ аз мавқеи айбдоркунандаи давлатӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистонро бар асоси қисми дуюми моддаи 205.2 Кодекси ҷиноятии Русия ба даъват ба фаъолияти террористӣ ва дар маҳзари ом сафед кардани терроризм бо истифода аз Интернет гунаҳкор шинохт ва ба 3 солу 4 моҳи зиндони низомаш сангин маҳкум кард.
“Додгоҳ муайян кард, ки маҳкумшуда соли 2019, ҳангоми дар қаламрави вилояти Сахалин қарор доштанаш ба воситаи Интернет дар саҳифаи худаш, ҳамчунин дар гуруҳҳои дар шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте” таъсисдодааш маводи видеоӣ, садоӣ ва аксҳоеро, ки даъватҳои оммавӣ ба анҷом додани фаъолиятҳои террористӣ ва ҳадафи сафед кардани терроризмро доштанд нашр кардааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ.
Додситонии Сахалин гуфт, ин мавод аз рӯзи нашраш то замони ошкор шуданаш аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Интернет дар дастраси умум қарор доштаанд.
Ҳукми муҳоҷири тоҷик ҳанӯз ба иҷрои надаромадааст ва ӯ метавонад ба додгоҳи болотар аз он шикоят барад. Назари худи маҳкумшуда ба ин иттиҳомоти эълоншуда дастрас нест.
