ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ СОКИНИ ҚУМСАНГИР ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ОПЕЛ”

Шоми 26 июн, соати 21, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Холов Саломиддин, сокини 55-солаи ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Ҷайҳун ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар шоҳрохи “Душанбе-Бохтар-Панҷи-поён” аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагард Ғоибов Заробиддин, сокини 60-солаи деҳаи Ҳилоли ҷамоати Қумсангирро пахш кардааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

хххххххххххх

Марди 35-солаи сокини Исфара бо гумони қаллобӣ дастгир  шудааст. ВКД гуфт, ки ӯ моҳи ноябри соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини Исфара даромада, мошини тамғаи «БМВ-730»-и ӯро 85 ҳазор сомонӣ нарх карда, гирифтааст, вале то ҳол пули мошинро надодааст.

Нисбат ба гумонбаршаванда бар асоси қисми сеюми моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ  оғоз кардаанд. Тафтишот идома дорад. Ба ин мард барои қаллобӣ ба маблағи бузург ҷаримаи калон ваё ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 28 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани пиёдагард зери чархи «Опел-Астра»

Санаи 26-уми июни соли 2021, тахминан соати 21:00 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Холов Саломиддин Хайриддинович, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Ҷайҳун ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар шоҳрохи “Душанбе-Бохтар-Панҷи-поён” аз ӯҳдаи идора автомашина набаромада, пиёдагард, Ғоибов Заробиддин Илҳомиддинович, соли таваллудаш 1961, сокини ҷамоати деҳоти Қумсангир, деҳаи Ҳилолро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард, Ғоибов З.И. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, моҳи ноябри соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи «БМВ-730»-ро ба маблағи 85 ҳазор сомонӣ нархгузори карда гирифта, маблағи пулиашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button