ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

БОЗ 17 АСКАРУ АФСАРИ АФҒОН БА ТОҶИКИСТОН ФИРОР КАРДААНД (ВИДЕО)

Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳаддии КДАМ Тоҷикистон шоми 27 июн бо нашри як изҳорот хабар дод, ки субҳи якшанбе, 27 июн  гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати «Толибон» ба  посгоҳи сарҳадии Чукчук дар вулусволӣ (ноҳия)-и Калдори вилояти Балхи Афғонистон ҳамла  кардаанд ва “дар натиҷаи ин задухӯрд, ки то соати 12:50 идома ёфт, 17 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварда, тавассути ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳи 1-уми ОС 0305-и “Шаҳритӯс”, сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намуданд.”

Қӯшунҳои сарҳаддии Тоҷикистон гуфт, “сарҳадбонони тоҷик бо ба инобат гирифтани робитаи неки инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба гурезагони иҷборӣ барои вуруд ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд.” Бино ба ин манбаъ, “вазъияти умумӣ дар ин минтақа мураккаб боқӣ монда, задухӯрдҳои мусаллаҳона байни гурӯҳҳои ҳаракати “Толибон” ва қувваҳои ҳукуматии Афғонистон идома дорад.”

Дар 5 рӯзи охир ин алакай дуюмин мавриди зери фишор ҷангҷӯёни Толибон ба хоки Тоҷикистон ақиб нишастани нирӯҳои давлатии Афғонистон аст.

Ёдовар мешавем, дар чанд рӯзи охир ҷангҷӯёни ҳаракати Толибон ҳудуди 60 вулусволӣ (ноҳия)-ро дар гӯшаҳои гуногуни Афғонистон, аз ҷумла 8 вулусволӣ ва ду гузаргоҳро дар марз бо Тоҷикистон ишғол карданд. Ҷангҷӯёни Толибон аз ҷумла шаби 21 июн ба Шерхон Бандар ҳамла оварданд ва алакай субҳи 22 июн бар он даст ёфтанд. Қӯшунҳои сарҳаддии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 22 июн дар пайи суқути Шерхон Бандар 134 аскару афсари нирӯҳои ҳукуматии Афғонистон  бо силоҳҳои худ ба қаламрави Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд ва ҷониби Тоҷикистон аз нигоҳи принсипҳои инсондӯстӣ онҳоро ба қаламраваш роҳ дод.

Ҳамин тавр, рӯзи 23 июн 53 ҳарбии афғон аз мавзеи Шӯртеппа ба Ӯзбекистон фирор карданд, вале мақомоти Ӯзбекистон онҳоро пас гардонда, гуфтанд, ки ба умури дохилии Афғонистон дахолат карданӣ нестанд ва аз ҳар гуна кӯшиши убури ғайриқонунии марз шадидан ҷилавгирӣ хоҳанд кард. Ӯзбекистон аз ҳамон рӯз бо баҳонаи “бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар Афғонистон” марзҳояшро бо ин кишвари ҷангзада пурра баст.

Пешрафтҳои ахири Толибон нигарониҳоеро ба бор овардааст, ки ҳукумати кунунии Афғонистон метавонад баъди хуруҷи такягоҳи асосиаш: нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ суқут кунад. Қарор аст, 4 ҳазор аскару афсари Амрико, муҳраи асосии ин эътилоф алакай то 4 июли соли ҷорӣ тарки Афғонистон кунанд.

Вазорати дифои Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки нирӯҳои мусаллаҳеро, ки дар хатти дуюми ҳимояти марзи Афғонистон қарор доранд, ба ҳолати омодабош овардаанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1370 км марзи мустақим дорад, ки рӯи маҷрои Амӯдарё ва Панҷ мегузарад. Ҳимояти аксари манотиқи ин марз ба далели релефи мураккаби кӯҳистониаш хеле мушкил аст.

Ахиран яке аз ҷангҷӯёни ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон дар болои пул(кӯпрук)-и бузургтарин дар марзи байни Афғонистону Тоҷикистон видео гирифта, дар Интернет нашр кардт. Дар видео ду ҷангҷӯи Толибон дида мешаванд, ки баъди тасарруфи Шерхон-Бандар, бузургтарин гузаргоҳ дар марз бо Тоҷикистон, дар рӯи кӯпруке, ки Афғонистонро бо Тоҷикистон мепайвандад, қадам мезананд ва нафари сеюм, ки пулро ба навор мегирад,  ба касе ба забони пашту ҳисобот медиҳад, ки “Ҳоҷӣ соҳиб, ин пули Шерхон Бандар аст ва он ободиҳое, ки мебинед, Тоҷикистон аст ва ин ҳам Амӯдарё”.

Пуле, ки Шерхон Бандарро бо гузаргоҳи Панҷи Поёни Тоҷикистон мепайвандад, бо 40 миллион доллар сармоягузории Амрико сохта ва соли 2007 ба истифода дода шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button