ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

САЙРУГАШТИ ТОЛИБОН ДАР РӮИ ПУЛИ БАЙНИ АФҒОНИСТОНУ ТОҶИКИСТОН (ВИДЕО)

Яке аз ҷангҷӯёни ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон дар болои пул(кӯпрук)-и бузургтарин дар марзи байни Афғонистону Тоҷикистон видео гирифтааст.

Дар видео ду ҷангҷӯи Толибон дида мешаванд, ки баъди тасарруфи Шерхон-Бандар, бузургтарин гузаргоҳ дар марз бо Тоҷикистон, дар рӯи кӯпруке, ки Афғонистонро бо Тоҷикистон мепайвандад, қадам мезананд ва нафари сеюм, ки пулро ба навор мегирад,  ба касе ба забони пашту ҳисобот медиҳад, ки “Ҳоҷӣ соҳиб, ин пули Шерхон Бандар аст ва он ободиҳое, ки мебинед, Тоҷикистон аст ва ин ҳам Амӯдарё”.

Пуле, ки Шерхон Бандарро бо гузаргоҳи Панҷи Поёни Тоҷикистон мепайвандад, бо 40 миллион доллар сармоягузории Амрико сохта ва соли 2007 ба истифода дода шуда буд.

Ёдовар мешавем, дар чанд рӯзи охир ҷангҷӯёни ҳаракати Толибон ҳудуди 60 вулусволӣ (ноҳия)-ро дар гӯшаҳои гуногуни Афғонистон, аз ҷумла 8 вулусволӣ ва ду гузаргоҳро дар марз бо Тоҷикистон ишғол карданд. Ҷангҷӯёни Толибон аз ҷумла шаби 21 июн ба Шерхон Бандар ҳамла оварданд ва алакай субҳи 22 июн бар он даст ёфтанд. Қӯшунҳои сарҳаддии Тоҷикистон хабар дод, ки дар пайи суқути Шерхон Бандар 134 аскару афсари нирӯҳои ҳукуматии Афғонистон  бо силоҳҳои худ ба қаламрави Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд.

Пешрафтҳои ахири Толибон нигарониҳоеро ба бор овардааст, ки ҳукумати кунунии Афғонистон метавонад баъди хуруҷи такягоҳи асосиаш: нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ суқут кунад. Қарор аст, 4 ҳазор аскару афсари Амрико, муҳраи асосии ин эътилоф алакай то 4 июли соли ҷорӣ тарки Афғонистон кунанд.

Вазорати дифои Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки нирӯҳои мусаллаҳеро, ки дар хатти дуюми ҳимояти марзи Афғонистон қарор доранд, ба ҳолати омодабош овардаанд.

Сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, ба ин тартиб, дар сурати боз ҳам шадидтар шудани вазъ дар Афғонистон нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон метавонанд ба кумаки марзбонҳо бирасанд.

“Интиқоли нирӯҳо ва техникаи иловагӣ дар ин рӯзҳо сурат нагирифтааст ва дар нақша ҳам нест, чунки вазъи ноороми Афғонистон кайҳо боз моро маҷбур карда буд, то қисмҳои низомии мустақар дар хатти дуюми ҳимояти марзро тақвият бахшем “, – гуфтааст полковник Фаридун Маҳмадализода.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1370 км марзи мустақим дорад, ки рӯи маҷрои Амӯдарё ва Панҷ мегузарад. Ҳимояти аксари манотиқи ин марз ба далели релефи мураккаби кӯҳистониаш хеле мушкил аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button