ВидеоНомаҳо ба президентТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҲуқуқи инсон

МАРШИРОВКАҲОРО ДАР ДУШАНБЕ МУВАҚҚАТАН МАНЪ КАРДААНД

Донишҷӯёне, ки дар вақти таътили тобистона ба “маршировка” ба муносибати 30солагии истиқлоли Тоҷикистон ҷалб шудаанд, хабар доданд, ки аз шоми 25 июн онҳоро хона ба хона ҷавоб дода, гуфтаанд, ки “маршировка” ҳадди ақал то ҳафтаи оянда манъ карда мешавад.

Ба донишҷӯён гуфтаанд, ки “маршировка” бо қарори мақомот ба сабаби зиёд шудани бемории коронавирус манъ карда мешавад. Масъулони “маршировка” ҳамчунин гуфтаанд, ки эҳтимол дорад, ҳафтаи оянда низ ин чорабиниҳо доир нашаванд ва то моҳи август, то замони тағйир ёфтани вазъи эпидемиологӣ ба ақиб партофта шаванд.

“Азия Плюс” хабар дод, ки бархе донишҷӯёнро то 5 июл аз “маршировка” ҷавоб додаанд.

Аммо корманди баландпояи маъмурияти яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон, ки донишҷӯёнаш ба “маршировка” ҷалб шудаанд, ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, мақомот як варианти дигар, яъне таъмини ҳамаи донишҷӯёни ба “маршировка” ҷалбшуда бо ваксинаи зидди  коронавирус ва танҳо баъди ин идома додани ин чорабиниҳоро низ баррасӣ доранд.

Обидҷон Назаров, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки масъулияти “маршировка” ба ӯ вогузор шудааст, қаблан гуфта буд, ки ба чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 30солагӣ ҳудуди 15 ҳазор донишҷӯ ҷалб шудаанд. Дар рӯзҳои ҷашн  дар моҳи сентябр, қарор аст, 30 ҳазор нафар дар кӯчаи марказии пойтахти Тоҷикистон роҳпаймоӣ кунанд.

Вале дар пасманзари афзоиши мавридҳои гирифторӣ ва ҳатто ҳалокати сокинон аз коронавирус бисёриҳо баргузории “маршировка” бо иштироки ҳазорон донишҷӯро зери суол гузошта, аз мақомот хостаанд, ки ин чорабиниро то беҳтар шудани вазъ қатъ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button