ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистЧеҳраҳо

ЯКЕ АЗ РОҲБАРОНИ “ТОҶИКСТАНДАРТ” ҚУРБОНИ КОРОНАВИРУС ШУД. ЛАЙЛӢ МАҚСУДОВА ҲАМАГӢ 35 СОЛ ДОШТ…

Лайлӣ Мақсудова, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва иттилоърасонии агентии давлатии “Тоҷикстандарт” аз бемории коронавирус ҷон бохтааст. Яке аз наздикони марҳум ба хабаргузории “Спутник” гуфт, ки ӯ як ҳафта пеш дар шифохонаи бемориҳои сироятӣ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бистарӣ шуда буд. “Духтурон гуфтанд, ки ӯ ба “вируси корона” печидааст. Аммо талошҳои онҳо барои шифо ёфтани ӯ натиҷа надоданд”,- изҳор дошт манбаъ. Расман ин иттилоъро мақомоти вазорати тандурустӣ то ҳол тасдиқ ё рад  накардаанд. Лайлӣ Мақсудоваро дар зодгоҳаш, шаҳри Леваканд (собиқ Сарбанд)- и вилояти Хатлон ба хок супурдаанд.

Дар як ҳафтаи охир алакай марги дастикам 6 шахсияти маъруф аз коронавирус ваё бо гумони гирифторӣ ба ин вируси марговар расонаӣ шудааст:

  1. Қурбоналӣ Абдураҳимзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон
  2. Домулло Абдураҳмон Боқизода,  аз деҳаи Гулпарвари ноҳияи Рӯдакӣ
  3. Профессор Нигина Шаропова, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон
  4. Наргис Ҳакимова, табиби дермато-косметолог
  5. Роҳат, ҳамсари Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур
  6. Лайлӣ Мақсудова, сардори шуъбаи равобити байналмилалии “Тоҷикстандарт”.

Вазорати тандурустӣ баъди қариб 6 моҳи бо исрор рад кардани ҳолатҳои нави коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 21 июн билохира мавҷи нави ин бемориро дар кишвар тасдиқ кард ва дар 5 рӯзи охир дар бораи беш аз 100 мавриди нави сироят ба коронавирус хабар дод. Вале  ин вазорат  аз аввали соли 2021 то ҳол дар бораи ягон мавриди ҳалокати сокинон аз ин вирус хабар надодааст.

Ин дар ҳолест, ки сокинон дар бораи марги мармузи даҳҳо нафар дар як моҳи охир бо аломатҳои бемории  монанд ба коронавирус хабар медиҳанд.

Лайлӣ Мақсудова 12 июни соли 1986 дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ба дунё омада, мактаби миёнаро дар зодгоҳаш ва сипас шуъбаи забони форсии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардаааст. Пас аз хатми донишгоҳ дар соли 2008 ӯ барои такмили дониши забони англисиаш ба Амрико рафта, ду сол он ҷо монд.

Пас аз бозгашт ба ватан дар раёсати равобити байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор даромад. Як муддат дар “Барқи тоҷик” ва аз соли 2018 дар Агентии “Тоҷикстандарт” дар вазифаи сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва иттилоърасонӣ кор кард.

“Ӯ яке аз мутахассисони ботаҷрибаи Агентӣ буд, бахусус, саҳми беандозаи худро дар таҳия ва пешниҳоди созишномаҳои байнидавлатӣ оид ба стандартизация, метрология, сертификатсия гузоштааст. Инсони комил, хоксор ва дурандеш буд ва эҳтироми хосе дар байни коллективи Агентӣ дошт”, – гуфтааст яке аз ҳамкорони ӯ ба “Спутник”.

Лайлӣ Мақсудова оиладор ва соҳиби як духтари 5 – сола буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button