Минтақа ва ҷаҳон

НИРӮҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРЗ БО АФҒОНИСТОН БА РЕЖИМИ МАХСУС ГУЗАШТААНД

Нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки дар марз бо Афғонистон ифои хидмат мекунанд, ба режими махсус гузаштаанд. Дар ин бора ба хабаргузории русии РИА Новости сардори хадамоти матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод.

Ӯ гуфт, сухан дар бораи нирӯҳое меравад, ки дар хатти дуюми ҳимоят аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон қарор доранд.

“Ҳарбиёни вазорати дифои Тоҷикистон, ки дар хатти дуюми ҳимоят аз марз бо Афғонистон қарор доранд, аз оғози ташаннуҷи вазъ дар манотиқи марзӣ ба режими махсуси адои хидмат гузаронда шудаанд “, – иқтибос кардааст аз полковник Маҳмадализода  хабаргузории дигари русии «Спутник».

Фаридун Махмадалиев

Сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, ба ин тартиб, дар сурати боз ҳам шадидтар шудани вазъ дар Афғонистон нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон метавонанд ба кумки марзбонҳо бирасанд.

“Интиқоли нирӯҳо ва техникаи иловагӣ дар ин рӯзҳо сурат нагирифтааст ва дар нақша ҳам нест, чунки вазъи ноороми Афғонистон кайҳо боз моро маҷбур карда буд, то қисмҳои низомии мустақар дар хатти дуюми ҳимояти марзро тақвият бахшем “, – гуфтааст Маҳмадализода.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1370 км марзи мустақим дорад, ки рӯи маҷрои Амӯдарё ва Панҷ мегузарад. Ҳимояти аксари манотиқи ин марз ба далели релефи мураккаби кӯҳистониаш хеле мушкил аст.

Ёдовар мешавем, дар чанд рӯзи охир ҷангҷӯёни ҳаракати Толибон ҳудуди 60 вулусволӣ (ноҳия)-ро дар гӯшаҳои гуногуни Афғонистон, аз ҷумла 8 вулусволӣ ва ду гузаргоҳро дар марз бо Тоҷикистон ишғол карданд. Ҷангҷӯёни Толибон аз ҷумла рӯзи 21 июн гузаргоҳи Шерхон-Бандар, бузургтарин гузаргоҳ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро ба даст оварданд ва 134 тан аз низомиҳои афғон бо силоҳҳои худ тавассути гузаргоҳи Панҷи поён ба Тоҷикистон фирор карданд. Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҷониби Тоҷикистон онҳоро ба далелҳои гуманитарӣ  ба ҳудудаш роҳ дод.

Рӯзи 23 июн 53 тан аз ҳарбиёни афғон низ бо силоҳ ба ҳамлаи Толибон тоб наоварда, аз вулусволии Шӯртеппа ба қаламрави Ӯзбекистон фирор карданд. Вале мақомоти Ӯзбекистон ба ин далел, ки қасди “дахолат дар умури дохилии Афғонистонро надоранд”, ҳамаи онҳоро пас фиристод ва гуфт, тамоми кӯшишҳои убури ғайриқонунии сарҳадҳояшро шадидан пешгирӣ хоҳад кард.

Пешрафтҳои ахири Толибон нигарониҳоеро ба бор овардааст, ки ҳукумати кунунии Афғонистон метавонад баъди хуруҷи такягоҳи асосиаш: нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ суқут кунад. Қарор аст, 4 ҳазор аскару афсари Амрико, муҳраи асосии ин эътилоф алакай то 4 июли соли ҷорӣ тарки Афғонистон кунанд.

Дар пасманзари ин рӯйдодҳои изтиробовар, президенти Амрико Ҷо Байден рӯзи 25 июн дар Вашингтон дар Кохи Сафед бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва раиси Шӯрои олии сулҳи ин кишвар доктор Абдуллоҳ мулоқот кард. Байден “Ғайн ва Ъайн”-ро итминони хотир дод, ки пуштибонии Амрико аз Афғонистон бо хуруҷи нирӯҳо тамом намешавад, балки идома хоҳад ёфт. Ҳанӯз маълум нест, ки ин пуштибонӣ дар чӣ шакл идома хоҳад кард ва оё Амрико ва муттаҳидонаш пеши роҳи идомаи пешрафтҳои ҷангҷӯёни ҳаракати Толибонро, ки дар пешорӯи хуруҷи нирӯҳои эътилофро ҳалқаи худро дар атрофи Кобул, пойтахти Афғонистон торафт тангтару тангтар мекунанд, хоҳанд гирифт ё на?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button