ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

МУСОДИРАИ 4 КИЛО ҚУРУТИ ЯК МУСОФИРИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ ВОЛГОГРАД

Идораи Росселхознадзор  хабар дод, ки кормандонаш дар фурудгоҳи Гумраки шаҳри Волгоград аз як мусофире, ки аз Тоҷикистон омада буд, 4 кило қурутро мусодира кардаанд. Бино ба ин гузориш, шаҳрванди Тоҷикистон ин миқдор қурутро мехост дар бағочи дастиаш вориди Русия кунад, вале ягон ҳуҷҷати санитарӣ барои ин қурут надошт.

“Ҳамаи ин 4 кило қурути беҳуҷҷат мусодира ва нобуд карда шуд”, — гуфта мешавад дар иттилоияи идораи Росселхознадзор.

Қурут як навъ маҳсулоти хушк аст, ки аз чакка бо иловаи намак  тайёр карда мешавад ва дар Осиёи Марказӣ хеле маъруф аст.

Росселхознадзор чанд сол боз аз хориҷ ба Русия овардани бисёре аз навъҳои маҳсулоти ғизоӣ ва растаниро маҳдуд кардааст. Ин маҳдудиятҳо баъди хуруҷи коронавирус бештар карда шуд.

Ин идора дар аввали моҳи июн хабар дод, ки дар фурудгоҳи шаҳри Волгоград аз бору бағочи мусофироне, ки аз Тоҷикистон меомаданнд, 75 кило маҳсулоти хӯрокаро ба далели надоштани санадҳои лозим мусодира кардааст. Гуфта мешуд, вазни умумии маҳсулоти мусодирашуда 75 килоро ташкил дода, арахис, чормағзу бодом, пистаю  донаки зардолу, ғулингу мавиз, кунҷит, сабзавоту кабудӣ, тухмии гулу сабзавот, шириниҳо, себу гелосу анҷир, лимӯ, ниҳоли лимӯ ва маҳсулотиро дигарро дар бар мегирифт.

Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки танҳо аз як мусофири тоҷикистонӣ 13 кило маҳсулоти хӯрокворӣ, бо шумули гӯшти гов, қурут ва чаккаву ҷурғотро мусодир кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button