ВидеоИқтисодНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

КОРПАРТОИИ ЭЪТИРОЗИИ КОРГАРОНИ КОНИ ТИЛЛОИ ШИРКАТИ ХИТОӢ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ (ВИДЕО)

Коргарони маҳаллии кони тиллои ширкати хитоии ТВЕА дар минтақаи Кумарги боло дар кӯҳистони ноҳияи Айнӣ ба нишони эътироз ба сифати ғизое, ки ба онҳо дар ҷои кор медиҳанд, корпартоӣ кардаанд. Ба гуфтаи коргарон, кони тиллои Кумарги боло дар баландкӯҳ қарор дорад ва онҳо ба далели иқлими сахти баландкӯҳ ва сахт будани кор дар кон ба хӯрданиҳои пурғизо ниёз доранд.

Рӯзи ҷумъа, 25 июн коргарони тоҷики ин кони тилло хӯрокеро, ки ба онҳо вақти пешин дода буданд, ба нишони эътироз ба замин рехтаанд. Коргарон ба Радиои Озодӣ бо ирсоли як видео хабар додаанд, ки масъулони ширкати хитоӣ ба онҳо ваъда додаанд, ки ба мушкилашон дар масъалаи таъмини ғизо расидагӣ хоҳанд кард. Аз ҳукумати ноҳияи Айнӣ низ, ба гуфтаи ин коргарон, ду намоянда барои баррасии шикояти онҳо ба Кумарғи боло омада ва бо коргарони норозӣ суҳбат кардаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ду сол пеш ҳаққи истихроҷи тилло аз ду кони Дуобаи шарқӣ ва Кумарғи болоро дар ивази бунёди Маркази дуюми гармидиҳии Душанбе ба ширкати хитоии ТВЕА дод.

Ҳоло аксари конҳои тилло ва дигар фулузоти гаронбаҳои Тоҷикистон дар дасти ширкатҳои Хитой қарор доранд.

Хитой бузургтарин сармоягузор ба иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад ва тақрибан 1,4 миллиард аз зери 3 миллиард доллар қарзи Тоҷикистон қарзҳои Хитой (Чин) аст.  Мақомоти Тоҷикистон ҷалби қарзу сармояҳои  Хитойро барои рушди кишвар муҳим мешуморанд ва мегӯянд, ба фарқ аз давлатҳои Ғарб ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ Пекин дар ивази қарзҳояш шартҳои зиёд намегузорад. Вале соҳибназарони тоҷик қарзҳои Хитойро қарзҳои истеъморӣ меноманд ва мегӯянд, агар рафту фардо Душанбе ин қарзҳоро баргардонда натавонад, маҷбур мешавад, ҳар шарти Пекинро бипазирад ва истиқлолашро аз даст диҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button