ВидеоМуҳоҷиронФарҳанг

КИТОБИ ШОИРИ ТОҶИК БАХТИЁР АМИНӢ ДАР УКРАИНА НАШР ШУД

Нашриёти “Бураго”-и шаҳри Киев, пойтахти Украина, китоби ашъори шоири тоҷик Бахтиёр Аминиро бо номи “В каждой точке многоточие” (“Ҳар нуқта сенуқтаҳое дорад”) аз чоп баровард.

Дар ин бора худи Бахтиёр Аминӣ дар Фейсбук хабар дод ва гуфт, ин китобро ба рӯҳи амакаш Баҳманёр мебахшад. Баҳманёр, адиби маъруфи тоҷик моҳи ноябри соли 2020 дар синни 66 аз олам чашм пӯшид.

Дар китоби “В каждой точке многоточие” шеърҳои дар жанри ҳойку навиштаи Бахтиёр Аминӣ гирдоварӣ шудаанд. Ҳойку як навъ шеъри японӣ аст, ки ҳамагӣ аз се мисраъ иборат аст ва аз муаллиф тақозо мекунад, ки дар ин қолаби танг ва маҳдуд, ки ҳар калима, балки ҳатто ҳар ҳарф ба ҳисоб аст, ҳама фикри худро баён кунад.

Бахтиёр Аминӣ яке аз ҳойкусароёни шинохтаи тоҷик буда, ҳойкуҳояш дар чандин озмун баранда шудаанд. Ӯ аз соли 2012  узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ҳамчунин узви Анҷумани ҳойкусароёни Япония, Амрико ва Бритониё мебошад.

Дар аввали соли 2021 китоби ашъори Бахтиёр Аминӣ бо номи “Carrying Sunrays” дар Амрико дар нашриёти Velvet Dusk Publishing ба забони инглисӣ чоп шуда буд.

Бахтиёр Аминӣ 31 марти соли 1975 дар деҳаи Марғедари ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, соли 1997 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистонро хатм кардааст. Бахтиёр Аминӣ дар баробари шоирӣ соҳибкорӣ низ мекард ва  солҳои 2000-2009 дар Маскав раҳбарии ширкати “Алфа”-ро бар уҳда дошт. Ӯ баъди бозгашт ба Тоҷикистон, солҳои 2009-2012 роҳбарии ширкати “Солор” ва сипас чопхонаи “Матбуот-пресс”-ро ба дӯш дошт. Шоирдар Душанбе ҳамчунин тарабхонаи “Шукрона”-ро таъсис дода буд, ки ба як макони умдаи таҷаммӯи аҳли адаб табдил ёфта буд.

Бахтиёр Аминӣ аз соли 2016 дар Олмон зиндагӣ мекунад.

Нахустин китобаш бо номи  «Никоҳи нигоҳ»  соли 1994 чоп шуда, соли 2014 дар Душанбе дафтари дигари ашъораш бо номи «Ба дунболи чашмҳо» ва ҳамон сол дар Одесса китоби Аминӣ бо номи «Твоя модная улыбка» ба нашр расид. Намунаҳои ашъори ӯ дар нашрияву маҷаллаҳои «Адабиёт ва санъат», «Озодагон», «Дайри муғон», «Помир» ва ҳамин тавр дар даҳҳо нашрияҳои хориҷӣ ба табъ расида, шеърҳояш ба забонҳои англисӣ, булғорӣ, итолиёвӣ ва ӯзбекӣ низ тарҷума ва чоп шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button