ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДИГАР НА БАЛЛОН ДАРКОР АСТУ НА КИСЛОРОД… ТАБИБИ МАШҲУР НАРГИС ҲАКИМОВА ҶАВОНМАРГ ШУД

Наргис Ҳакимова, яке аз беҳтарин табибони тоҷик дар бахши дерматология ва косметология (табобати пӯст ва тибби ороишӣ) рӯзи 25 июн дар Душанбе вафот кард. Ӯ хеле ҷавон аз дунё рафт. Дар бораи марги Наргис дугонаи наздикаш Гулнора Нуралиева дар Фейсбук хабар дод.

«Ташаккур барои вокунишҳоятон, вале, мутаассифона, Наргиси зебову оқили моро наҷот дода натавонистем... Худо раҳмат кунад ва ҷояш Ҷаннат шавад… Дигар на баллон даркор асту на кислород…

Духтарҳо, офарини шумо, ҳар кадоми шумо тамоми кореро, ки мумкин буд, кард… Афсӯс, сад афсӯс…» – навиштааст Гулнора Нуралиева.

Наргис Ҳакимова дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” ҳуҷраи косметологӣ дошт ва занони зиёде аз пойтахт ва берун аз он ба ӯ ҳамчун ба як мутахассиси варзида муроҷиат мекарданд.

Маркази тиббию эстетикии “Жасмин” дар як марсияи пурсӯз Наргис Ҳакимоваро беҳтарин духтури дермато-косметолог ва Инсону Табибе номид, ки қасами Буқрот (Гиппократ) барояш ҳарфи хушку холие набуд. «Имрӯз як рӯзи сиёҳе дар таърихи Тоҷикистон аст. Чунки беҳтарин табиби дермато-косметологи Ҷумҳурии Тоҷикистон, табиби сатҳи олӣ, маликаи косметология, Инсони масъулу оқил, ки қасами Буқротро барои наҷоти одамон хӯрдааст, на барои худаш, аз дунё рафт. Наргисҷон, ба маргат боварам намеояд, ҷоят Ҷаннат шавад! Мо ҳама гунаҳкорем, ки туро наҷот дода натавонистем! Духтарам, ҷоят Ҷаннат шавад! Аз ҳавзи Кавсар сероб шавад, гӯракат пурнур шавад! Худо раҳмат кунад!»

Дар бораи сабаби марги Наргис Ҳакимова чизе гуфта нашудааст, вале рӯзи 24 июн, ҳамагӣ як рӯз қабл аз вафоти ӯ, дугонааш Гулнора Нуралиева ба таври оҷил баллони пур аз кислород мекофт. Чунин баллонҳо ҳоло асосан барои беморони гирифтори коронавирус истифода мешаванд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ки аз аввали соли ҷорӣ, дар тӯли қариб ним сол, сарсахтона ҳар навъ ҳолати нави коронавирусро дар кишвар рад мекард, рӯзи 21 июн маҷбур шуд, мавҷи нави ин бемориро эътироф кунад. Аз 21 июн ба ин тараф ин вазорат  ошкор шудани 84 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирусро эътироф кард, вале мавридҳои нави ҳалокати мардум аз ин вируси қаттолро ҳамчунон рад мекунад. Ин дар ҳолест ки танҳо дар як ҳафтаи охир аз Тоҷикистон дар бораи аз коронавирус ҷон бохтани дастикам се шахсияти шинохта хабар расидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button