ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОН АЗ РОҲАТӢ БАРОИ ЛАТТУКӮБИ ЯК МАРДИ СОЛХӮРДА ДАР ДУШАНБЕ

Як ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза як марди 46-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намуд, шикоят кардаст, ки субҳи 25-уми июни соли 2021, тахминан соати 09:30-дақиқа дар кӯчаи Борбад, 48 шахси номаълум бародараш, марди 58-солаи сокини кӯчаи Борбадро бе ягон асос латту кӯб намуда, сипас аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини ҷавони ҷамоати Роҳатӣ дастгир шуд. Тафтиши ин ҳодиса идома дорад. Агар осеби ба марди солхӯрда расондаи ин ҷавон ҳамчун осеби вазнин ба саломатӣ арзёбӣ шавад, ба дастгиршуда бар асоси моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button