ВидеоИқтисодТоҷикистон

БА АМОНАТГУЗОРОНИ “ТОҶИКСОДИРОТБОНК” ВА “АГРОИНВЕСТБОНК” БОЯД 215 МИЛЛИОН СОМОНӢ ҶУБРОН ПАРДОХТ КУНАНД

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ хабар дод, ки пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони ташкилоти қарзии барҳамдодашудаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” аз 23 июн оғоз ёфтааст. Ин пардохтҳо тавассути саридора ва 32 филиали ҶСК “Ориёнбонк”, ки ба ҳайси  бонк-агент интихоб шудааст, амалӣ карда мешаванд. Аз пасандоздорони “Тоҷиксодиротбонк” ё намояндагони қонунии онҳо хостаанд, ки барои гирифтани ҷубронпулӣ вобаста ба маҳалли зисти худ ба саридора ё филиалҳои “Ориёнбонк” муроҷиат кунанд. Пасандоздорон ҳуқуқ доранд дар давоми то як сол барои гирифтани ҷубронпулии суғурта ба бонк-агент муроҷиат намоянд.

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҳамчунин хабар дод, ки барои пардохти ҷубронпулӣ ба амонатгузорони “Агроинвестбонк” ба сифати бонк-агент “Амонатбонк” интихоб шудааст. Вале, ба гузориши Хазинаи суғурта,  ба сабаби зиёд будани шумораи муштариёни “Агроинвестбонк” таҳияи асноди онҳо ҳанӯз пурра ба анҷом нарасидааст ва ба ин далел, санаи шурӯи пардохти ҷуброн ба амонатгузорони “Агроинвестбонк” ҳанӯз эълон нашудааст.

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ гуфт, дар умум бояд ба амонатгузорони “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” 215 миллион сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт кунад. Ин ин бузургтарин пардохти ҷуброн дар таърихи бонкҳои Тоҷикистон ба шумор меравад. Вале хазина ҳамаро итминони хотир дод, ки тавони пардохти ин маблағи бузургро дорад ва он сари вақт ба ҳисобҳои ду бонки агент гузаронда хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 21 май иҷозатномаҳои ду бонки буҳронзадаи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”–ро бозхонд ва гуфт, аз ин ба баъд фаъолияти ин ду ниҳоди молиявро мудирони махсус пеш хоҳанд бурд.

Дар ду иттилоияи алоҳида бо матни тақрибан ҳамсони шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ гуфта мешуд, ки “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” бо вуҷуди кумакҳои молиявии ҳукумат натавонистанд вазъи молиявии худро беҳтар ва фаъолияти устуворашонро таъмин кунанд. Ва як силсила камбудиҳое, ки табиати системавӣ гирифтаанд, аз ҷумла “мавҷуд будани омилҳои инсонӣ дар рафти қабули қарор ва дахолат дар сохтори ташкилӣ боис гардид, ки ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” (ва ҶСК “Агроинвестбонк”) аз мавқеи бонки низомсоз ба як ташкилоти қарзии ҳиссааш дар низоми бонкӣ ночиз мубаддал гардад.”

 Бонки миллии Тоҷикистон 4 сол пеш ду бонки буҳронзадаи “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”-ро низ барҳам дода буд, вале ҳукумати Тоҷикистон барои наҷоти ду бонки дигари  гирифтори буҳрон – “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” – 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо кард, ки бо қурби он замон қариб ним миллиард долларро ташкил медод ва бузургтарин кумаки давлат ба муассисаҳои буҳронзада дар таърихи навини Тоҷикистон шумурда мешуд.

Вале Бонки миллӣ бо гузашти 4 сол дар ду изҳороти алоҳида бо изҳори таассуф гуфт, ки ин кумаки бузург барои наҷоти ин ду бонк фоида накард.

Бонки миллӣ гуфт, як қисми пасандозҳои 6 ҳазор амонатгузори “Тоҷиксодиротбонк” ва тақрибан 28 ҳазор муштарии “Агроинвестбонк” аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ  пардохт хоҳад шуд. Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба дунбол хабар дод, ки аз ҳисоби Хазина маблағи пасандози шахсони воқеӣ бо пули миллӣ танҳо то 30 000 сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ ҳамагӣ то 21 000 сомонӣ пурра ҷуброн карда мешавад.

Маълумоти иловагӣ оид ба пардохти ҷубронпулии суғуртаро метавонед тавассути телефони (+992) 44 600 32 45 ё дар сомонаи Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ www.idif.tj дастрас намоед.

Рӯйхати филиалҳои ҶСК “Ориёнбонк”, ки тавассути онҳо пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” амалӣ карда мешавад

БахшМинтақаи ҷойгиршавӣ            Суроға
1    Саридора ш.Душанбен. И.Сомонӣхиёбони Рӯдаки, 95/1
2Филиалш.Душанбен. Шоҳмансурш. Душанбе, кӯчаи Дӯстии халқҳо 15
3Филиалш.Душанбен. Синош. Душанбе, кӯчаи Маяковский 77
4Филиалш.Душанбен. Синош. Душанбе, кӯчаи А. Навоӣ 3/3
5Филиалш.Душанбен. И.Сомонӣш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 110
6ФилиалХатлонш. Кӯлобкӯчаи Пушкина 7
7ФилиалХатлонн. Ҳамадонӣкӯчаи И. Сомонӣ 8/1
8ФилиалХатлонн. Сарбандкӯчаи Борбад 21
9ФилиалХатлонн. Норакшаҳри Норак, кӯчаи С.Ниёзов б/р
10ФилиалХатлонн. Муъминобод кӯчаи И.Сомонӣ -40
11ФилиалХатлонн. Данғарашаҳри Данғара, кӯчаи Марказӣ 28
12ФилиалХатлонн. Бохтаркӯчаи Мирзоқодиров 3а
13ФилиалХатлонн. Ёвонкӯчаи Гагарин 4
14ФилиалСуғдш. Хуҷандшаҳри Хуҷанд, кӯчаи Камоли Хуҷандӣ 189
15ФилиалСуғдш. Гулистоншаҳри Қайраққум, кӯчаи Турсунзода 28
16ФилиалСуғдш. Бустоншаҳри Бустон, кӯчаи Б. Ғафуров 12
17ФилиалСуғдн. Ҷ.Расулов  шаҳраки Пролетар, кӯчаи Нурматов 2
18ФилиалСуғдн. Спитаменкӯчаи Б.Ғафуров-1
19ФилиалСуғдн. Панҷакентшаҳри Панҷакент, хиёбони Рyдакӣ 16
20ФилиалСуғдн. Мастчоҳкӯчаи И.Сомонӣ
21ФилиалСуғдн. Конибодомшаҳри Конибодом, кӯчаи Ленин 318
22ФилиалСуғдн. Исфарашаҳри Исфара, кӯчаи И.Файзуллоев 158
23ФилиалСуғдн.Истаравшаншаҳри Истаравшан, кӯчаи Роҳи Ленин 2
24ФилиалСуғдн. Айнӣшаҳраки Зарафшон,   Айнӣ
25ФилиалНТҶш. Ҳисоркӯчаи 60-солагии Ҳисор 3
26ФилиалНТҶш. Турсунзодакӯчаи М.Турсунзода -159
27ФилиалНТҶш. Рогуншаҳри Роғун, кӯчаи Сохтмончиён 36/11
28ФилиалНТҶн. Шаҳринавшаҳраки Шаҳринав, кӯчаи И. Сомонӣ 7
29ФилиалНТҶн. Файзободшаҳрчаи Файзобод, кӯчаи И. Сомонӣ 43
30ФилиалНТҶн. Рӯдакӣн. Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён, кӯчаи Ҷавонон 129
31ФилиалНТҶн. Рашткӯчаи И.Сомонӣ 53
32ФилиалНТҶн. Ваҳдатшаҳри Ваҳдат, кӯчаи 20-солагии Истиқлолият 38
33ФилиалВМКБш. Хоруғшаҳри Хоруғ, кӯчаи Азизбеков 7

Эзоҳ: вақти қабули мизоҷон дар рӯзҳои корӣ ба ғайр аз рӯзҳои ид ва истироҳат аз соати 09-00 то 15-00 амалӣ карда мешавад.

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ

Дафтари марказии “Ориёнбонк” дар ш. Душанбе

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button