ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ҚАСДИ КУШТАНИ ХОҲАРАРӮСУ ДОДАРАРӮС ДАР ЧИМТЕППА

Як ҷавони 21-солаи сокини ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир шудааст. ВКД гуфт, ин ҷавон шаби 23 июн, соати 21:30, ҳангоми муноқишаи оилавӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани хоҳари ҳамсараш, бо корд ба қисмҳои ҳаётан муҳими ин ҷавонзани 24-солаи сокини ҷамоати Чимтеппа зада ва “бо ин қонеъ нашуда, додари ҳамсараш ҷавони 19-соларо низ бо корд ба рӯяш якчанд маротиба задааст.”
Дар натиҷа, ҳарду хоҳарарӯс ва додарарӯси ин ҷавон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Ба ин ҷавон акнун аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
ххххххххххххх

Як ҷавони 21-солаи сокини ҷамоати Ҳайдар Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров ба қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ  гумонбар мешавад. Бино ба иттилои ВКД, ӯ рӯзи 22 июн, соати 14 дар заминҳои хоҷагии деҳқонии  ба номи Ӯрунхӯҷаев бо ҳамдеҳаи 23-солааш ҷанҷол карда, ҳамроҳи падари 46-солааш он ҷавонро бо каланд лату кӯб намудаанд. Ҷавон бар илова бо дос ба узвҳои бадани ҷабрдида зада, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонидааст. Ба зидди ӯ бар асоси қисми якуми моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда кушодаанд. Ба ин ҷавон аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

хххххххххххххх

Сокини 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навгилеми Исфара бо гумони дуздӣ дастгир шуд. Ба иттилои мақомот, ӯ рӯзи 18 июн, соати 10:50 вориди хонаи як зани 61-солаи сокини Исфара шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро  ба маблағи 114 ҳазору 500 сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Оид ба ин ҳодиса бар асоси қисми дуюми моддаи 244 парванда кушодаанд. Ба сокини Навгилем бар асоси ин банди қонун аз 2 до 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 25 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошт гардидани ҷавони 21-сола бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 23-юми июни соли 2021, тахминан соати 21:30-дақиқа, ҳангоми муноқишаи оилавӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани хоҳари ҳамсараш, ҷавонзани 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи мазкур бо корд ба қисмҳои ҳаётан муҳими номбурда зада ва бо ин қонеъ нашуда, додари ҳамсараш ҷавони 19-соларо низ бо корд ба рӯяш якчанд маротиба задааст.
Дар натиҷа, ҳардуи онҳо ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии ҳамдеҳа

Ҳангоми гузаронидани гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 22-юми июни соли 2021, тахминан соати 14:00, дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Ӯрунхӯҷаев» бо ҳамдеҳааш ҷавони 23-сола ҷангу ҷанҷол карда бо ҳамроҳии падараш марди 46-солаи сокини ҳамин ҷамоат номбурдаро бо каланд лату кӯб намуда, бо дос ба узвҳои бадани ҷабрдида зада, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Исфара бо ариза зани 61-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 18-уми июни соли 2021, тахминан соати 10:50-дақиқа, шахсони номаълум ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 114 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навгилеми ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button