Нуқтаи назар

ОДИЛ НОЗИР: РИШ ва САД ТАШВИШ

Ду-се рӯз пеш вақте ба назди устои сартарош рафтам гуфт:

-Муаллим (ман, ки як сол дар мактаби рақами 60 муаллим будам, ҳақу ҳамсоя ба ман муаллим гуфта муроҷиат мекунанд), ба худат риш мезебад, биё ришатро ба танзим дарорам.

-Ришу сад ташвиш, – гуфта розӣ нашудам.

-Ҳар вақте роҳа гузашти бепул кантовка карда метиям, – гуфт усто, ки солҳо боз шиносем.

-Хай майлаш, ягон ҳафта риш мемонам, – гуфта розӣ шудам.

Вале имрӯз риш маро ташвиш дод.

Саҳар ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон корафтода шудам. Аз дарвоза даромадан замон нигаҳбон ҷониби ман ҳуштак кашида гуфт:

-Куҷо?

-Як корам ҳаст.

-Чӣ кор?

-Ба назди профессор С.Х. меравам, барои як имзо.

-Ба и риш чи хел донишгоҳ меёй ака, ақл надорӣ?

-Ман ин ҷо ба дарс, ба вохӯрии расмӣ, ба кор наомадаам, аз профессори рафиқам як имзо мегираму меравам, ба як тақриз.

-Профессорта гу броя, риш қати мумкин не…

Ҳама донишҷӯён нигоҳ доранд. Ростӣ шарм кардам. Ки аз пуштам, як профессори дигар С.Ҷ., бо вуҷуди ниқоб доштанам маро шинохта салом кард, оғӯш кашид ва ҷониби нигаҳбон песонида нигоҳ кард. Рафтам ба назди профессор, имзоро гирифтам. Бояд ба корпуси асосии донишгоҳ омада печати отделкадрро мегирифтам, боз ташвиши риш. Ин охранник ҳам намехост, ки ман вориди бино шавам…

Аз донишгоҳи омӯзгорӣ ба корпуси марказии Донишгоҳи миллӣ омадам. Нигаҳбон:

-Аввал ришата гир баъд даро.

-Эй одам, ман ҳамин варақро ба шӯрои олимон дода меравам, кори дигар надорам.

Ду пояшро дар як мӯза монда намегузошт.

Шаҳодатномаи муҳаррири газета буданамро нишон дода даромадам.

Аз қафоям гуфт: “Шумо журналисто, ки риш монен, ай дигаро чӣ гила”…

Имрӯз рафта ришамро метарошам. Вагарна қаҳрам ояд, як умр риш мемонам.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button