ВидеоИқтисодТиб ва беҳдошт/Муҳити зистЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ЮРИЙ СЕВЕНАРД, РОҲБАРИ СОХТМОНИ НИРӮГОҲИ НОРАК

Юрий Севенард, муҳандиси шинохтаи сохтмони нирӯгоҳҳо рӯзи 23 июн дар бемористони ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав аз олам чашм пӯшид. Юрий Константинович ба иллати бемории коронавирус бистарӣ гардида, дар шуъбаи реаниматсия қарор дошт. Юрий Севенард ҳамагӣ 6 рӯз қабл аз зодрӯзи 86-умаш тарки дунё кард.

Адиб Константин Севенард, писари Юрий Севенард хабар дод, ки маросими дафни падараш рӯзи 26 июн дар шаҳри Заволжйеи вилояти Нижний Новгород доир мешавад ва ӯро дар канори волидонаш ба хок месупоранд.

Юрий Севенард  яке аз шуҳратёртарин нирӯгоҳсозони замони СССР ба шумор мерафт. Аз ӯ сохтмонҳои бузурге, ба мисли обанбори Асвон дар Миср, нирӯгоҳи Норак дар Тоҷикистон ва дамбаи Ленинград, садде, ки Севенард баъди ба истифода додани нирӯгоҳи Норак, дар солҳои 80 ба зидди обхезиҳо дар Ленингради собиқ ва Санкт–Петербурги кунунӣ сохт, ба ёдгор мемонад.

Соли 1991 Юрий Севенард рақиби асосии Анатолий Собчак дар нахустин интихоботи мустақими шаҳрдори Санкт-Петербург буд ва бо 25,72%  баъди Собчак ҷои дуюмро гирифт.

Вале дар Тоҷикистон ба Юрий Севенард барои бунёди нирӯгоҳи Норак, бузургтарин нирӯгоҳи ин ҷумҳурӣ арҷ мегузоранд. Бо гузашти қариб 50 сол ҳамчунон аксари нирӯи барқи Тоҷикистонро ҳамин нирӯгоҳи сохтаи Юрий Константинович Севенард таъмин мекунад.

Юрий Севенард  29 июни соли 1935 дар шаҳраки Малая Улба дар шарқи Қазоқистон ба дунё омадааст. Падари ӯ Константин Севенард, ки низ муҳандиси нирӯгоҳҳо буд, он вақт дар сохтмони нирӯгоҳи Улба кор мекард. Модари Юрий Севенард Тселина Кшесинская ҷияни раққоси машҳури балети рус Матилда Кшесинская буд.

Юрий Севенард соли 1958 Донишкадаи муҳандисию сохтмони Маскав ба номи Куйбишевро бо ихтисоси инженер-гидротехник хатм карда, фаъолияти кориашро дар сохтмони нирӯгоҳи Красноярск, ки сармуҳандисаш падари ӯ буд, оғоз кард.

Соли 1966 ӯро барои сохтани обанбор ва нирӯгоҳи Асвон ба ҳайси роҳбари он сохтмони бузург ба Миср фиристоданд. Баъди бозгашт аз Миср Севенард роҳбари сохтмони нирӯгоҳи Норак дар Тоҷикистон таъйин шуд ва то соли 1980 дар ин ҷумҳурӣ кор кард.

Юрий Севенард солҳои 80 машғули сохтани дамбаи Ленинград, як тарҳи бузурге буд, ки бо ҳадафи ҳимояти ин шаҳр аз обхезиҳо бунёд мешуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button